No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ

IMG 5961Имрӯз дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти навбатии матбуотӣ бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар миқёси ҷумҳурӣ идома ёфт.

Тибқи нақшаи корӣ дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ҳисобот дар бораи  заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 таҳия гардид, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №135 тасдиқ гардид.

Мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми январи соли 2020-ум 14 миллиону 137 ҳазору 907 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 762 ҳазору 198 гектараш обӣ мебошад.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захираи давлатӣ бо роҳи ташкили хоҷагиҳои нав нисбат ба соли 2019-ум 4 ҳазору 551 гектар зиёд гардид, ки ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2019-ум заминҳои корам 4 ҳазору 864 гектар, аз ҷумла обӣ 4 ҳазору 300 гектар, ниҳолҳои бисёрсола 2 ҳазору 64 гектар зиёд гардида, заминҳои партов бошад аз ҳисоби бақарор кардан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан 5 ҳазору 223 гектар, аз ҷумла обӣ 4 ҳазору 82 гектар кам гардидааст.

Ба ҳолати имрӯза майдони заминҳои партов 22ҳазор ва холимонда беш аз 6ҳазоргектарро ташкил медиҳад, ки дар ин самт аз ҷониби Кумитаи давлатӣ нақша-чорабиниҳои дахлдор таҳия гардида, азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани чунин заминҳо дар соли 2020 то 1 августи соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад.

Дар идомаи суханронӣ Раиси Кумитаи давлатӣ зикр намуд, ки назорати риояи қонунгузории замин доир ба самараноку оқилона истифода бурдани он яке аз самтҳои асосии Кумитаи давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин ҷода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин гирифтани ду-се ҳосил баён шуда буданд, корҳои муайяне ба сомон расонида шуд.

Умуман, дар самти назорат нозирони Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6697 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карданд.

Нисбати 6156 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2940763 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 2181804 сомонӣ (80%) ба суратҳисоби  махсус ворид карда шудааст.

Барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан нисбати вайронкунандагони қонун-гузории замин 405 мавод ба прокуратура, 216 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро  ирсол карда шуда, 5037 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, дар маҳал  бартараф карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи нозирони Кумитаи давлатӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Норак корҳои назоратӣ гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 134 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор намуда, ҳамагӣ 20 пешниҳод барои бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарори раисони ин ноҳияҳо ирсол карда шуд.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 117 пешниҳод барои бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин ирсол карда шуда, аз он 82 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор ё ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шуданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ ҳамагӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 3 миллиону 897 ҳазор сомонӣ корҳои заминсозию кадастрӣ ва топографию геодезӣ ба сомон расонида шуд.

Аз ҷумла аз тарафи ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” ба ҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияҳои Хуросон, Ховалинг, Шаҳритуз, Б.Fафуров ва Мурғоб, тадқиқоти хок дар ноҳияҳои Спитамен ва Ашт, баҳои замин дар ноҳияҳои Файзобод, Панҷ ва Ҷайҳун, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо дар ноҳияҳои Восеъ ва Файзобод идома доранд.

IMG 5968Аз ҷониби ИЛТ “Фазо” ба ҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар шаҳри Ваҳдат, заминҳои шаҳру шаҳракҳо дар ноҳияи Файзобод, заминҳои ҷамоатҳои деҳот дар ноҳияи Восеъ, таҳияи маълумотҳои асосии маконии зерсохтори миллӣ давом доранд.

Иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад аз ҷониби КВД аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Бадахшон ва Хатлон умуман дар миқёси ҷумҳурӣ идома дорад.

Инчунин корҳои шартномавӣ аз тарафи корхонаҳои зертобеъ ҳамагӣ ба маблағи 43,1 миллион сомонӣ ба сомон расонида шудааст.

Аз ҷумла аз тарафи КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” омода намудани парвандаҳои заминсозӣ, таҳияи шиносномаҳои техникӣ, бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ ва ғайра  анҷом дода шудааст.

Дар баробари ин Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, ҳамчунин дар ободонии шаҳри Душанбе саҳм гузошта истодааст.

Бо мақсади ҳиссагузорӣ дар обод намудани пойтахти кишвар то имрӯз аз ҷониби Кумитаи давлатӣ бунёди майдончаи варзишии замонавӣ, таъмиру навсозии бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва гулгашт дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ба анҷом расонида шуданд.

Инчунин бинои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ваҳдат, Мӯъминобод, Деваштич ва Ҷ.Расулов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дигар корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расонида шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо соли ҷорӣ бошад ба истифода додани бинои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва А.Ҷомӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дошта, таъмиру навсозии бинои маъмурии кумитаи идораи замин дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ишкошим идома доранд.

Илова бар  ин рӯзҳои наздик сохтмони биноҳои нави маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ш.Шоҳин ва Роштқалъа оғоз мегарданд.

Сипас, кормандони воситаҳои ахбори омма ба Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ вобаста ба ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура дар самти пешгирии қонунвайронкунӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, оид ба саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои нав, масъалаҳои вобаста ба сарҳади давлатӣ ва даромади корхонаҳои зертобеъ саволҳо дода, ҷавоб гирифтанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/