No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ

IMG 5684

Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи зист Азимзода Алимардон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамаи 7 нафар аъзои ҳайати мушовара иштирок доштанд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа – дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои зертобеъ ва мақомоти он дар маҳалҳо дар шаш моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда оид ба ин масъала муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Зикриё Абдуллозода ҳисобот дод.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Кумитаи давлатӣ ва зерсохторҳои он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар миқёси ҷумҳурӣ идома ёфта, аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ҳисобот дар бораи  заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020» таҳия ва бо он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №135 тасдиқ гардид. Тибқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1.01.2020  майдони умумии 6947 гектар ба гардиш ворид шудаанд. Аз ҷумла, заминҳои партов дар майдони 4871 гектар, аз он 3737 гектар обӣ ба заминҳои корам ва майдони 352 гектар, аз он обӣ 345 гектар ба ниҳолҳои бисёрсола, заминҳои чарогоҳ дар майдони 196 гектар ба заминҳои корам ва майдони 1090 гектар ба намуди заминҳои ниҳолҳои бисёрсола ва аз ҳисоби дигар намуди заминҳои дар кишоварзи истифоданашаванда майдони 93 гектар ба заминҳои корам ва майдони 345 гектар ба намуди заминҳои ниҳолҳои бисёрсола гузаронида шудаанд.

Дар идомаи маърӯзаи худ муовини Раиси Кумитаи давлатӣ вобаста ба ченакҳои дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда, натиҷаи корҳои назоратӣ ва корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Сипас Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимардон Азимзода аз раисони кумитаҳои идораҳои замини вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, инчунин директорони корхонаҳои зертобеъ пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ супоришҳо доданд.

Ҳамчунин вобастf ба иҷрои ҳатмии супориши Пешвои миллат, ки зимни сафари корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон доир ба самаранок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил, ташкили захираи дусолаи озуқаворӣ аз ҷониби ҳар як оилаи кишвар, баланд бардоштани масъулияти раисони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин корхонаҳои зертобеъ дар самти беҳтар намудани нишондиҳандаҳо ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳо, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва боз ҳам баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан барои ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ бо назорати қатъии кишти такрорӣ, бартараф намудани камбудиҳо, ки ҳангоми гузаронидани ченаки назоратии кишти картошка дар баъзе хоҷагиҳои ҷамоавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян шудаанд, мусоидат ба зиёд намудани кишти зироатҳо дар гармхонаҳо ва дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои зиёд гардидани гармхонаҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, таъсиси ситодҳои дахлдор ва захираи маводҳои зарурӣ барои зимистонгузаронӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, чораҷӯӣ барои пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва таъмини ҳатмии биноҳои маъмурӣ бо маводҳои антисептикӣ ва ташкили гузаргоҳи санитарӣ (дизковрик), ба таври қатъӣ ба роҳ мондани назорати мақсадноки истифодаи замин ва пешгирии худсаронаи он, саривақт бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва таъмини пурраи воридоти маблағҳои ҷаримабандигардида, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни кормандон мунтазам баргузор намудани суҳбатҳо бо ҳар як корманд ва назорати қатъии рафтору кирдори онҳо, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи интизоми меҳнатӣ ва чораҷӯӣ баҳри пешгирии вайрон намудани муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон, инчунин амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ҷиҳати саривақт ҳуҷҷатгузорӣ гардидани ҷудо шудани қитъаҳои замин барои бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, дода шуданд.

Дар охири ҷаласа изҳори итминон карда шуд, ки ҳамаи кормандони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои зертобеъи Кумитаи давлатӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намудани соли 2020 кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/