No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оғози фаъолияти китобхонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG 2499Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26 декабри соли 2019 оид ба дар ҳамаи вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо таъсис додани китобхонаҳо баён шуда буданд, дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи муосир ба фаъолият оғоз намуд.

Дар китобхонаи мазкур, ки дар он зиёда аз 1500 китоб, аз ҷумла асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, осори шоиру нависандагони классики тоҷик, адабиётҳои замони муосир ва китобу дастурамал ва маҷмӯи қонунгузории соҳавӣ вобаста ба истифодабарии замин ва геодезия мавҷуд аст ба доираи васеъи кормандони Кумитаи давлатӣ ва КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», ки дар бино фаъолият доранд, пешбинӣ шудааст.

Ба нақша гирифта шудааст, ки минбаъд низ марҳила ба марҳила китобҳои тозанашр ба фонди китобхонаи мазкур илова карда шаванд.

Ҳадафи асосии иқдоми мазкур он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.

Тавре оғози фаъолияти китобхона таъкид шуд, хондани китоб танҳо вазифаи хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону аҳли маориф ва адибону рӯзноманигорон набуда, балки вазифаи ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеа мебошад.

Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин мардум бо дидаи таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.

IMG 2475Вале, дар замони муосир тавассути як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ сатҳи китобхонӣ то андозае коста гардид. Албатта, дигар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ, рушди бемайлони технологияи иттилоотию иртиботӣ низ ба фарҳанги китобдорию китобхонии мардум то андозае таъсири худро расонидааст.

Дар ин росто, бояд дар баробари аҳли маориф намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла коргарону кишоварзон, соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони бахшҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба хондани китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Дар китобхонаи Кумитаи давлатӣ дар баробари адабиётҳои бадеӣ ҳамчунин адабиётҳои соҳавӣ низ ҷамъ оварда шудаанд ва мутахассисон метавонанд, бе мамониат аз ин адабиётҳо истифода намуда, дониши худро тақвият бахшанд.

Иқдоми мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ шӯълавар менамояд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Ин аст, ки дар китобхонаи Кумитаи давлатӣ дар рӯзҳои муайян соатҳои китобхонӣ муайян карда шуда, кормандон савияи донишҳои худро баланд мебардоранд.

IMG 2470IMG 2493

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/