No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо кормандони корхонхонаҳои зертобеъи Кумитаи давлатӣ

IMG 2436Бо мақсади огоҳии бештар бо фаъолияти корхонаҳои зертобеъи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”, институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Фазо”, корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи харитасозӣ”, корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Маркази илмию таҳқиқотӣ ва дастгоҳи марказии корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул” мулоқот намуд.

Зимни суханронии худ Раиси Кумитаи давлатӣ таъкид намуд, ки корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, ки аз ҳисоби маблағи давлатӣ иҷро мешаванд, асосан ба зиммаи кормандони корхонаҳои зертобеъ қарор дошт.

Бинобар ин зарур аст, ки корҳои ба зиммаи корхонаҳои зертобеъ гузошта шуда, бояд бо дасту дили пок иҷро карда шуда, кормандон ба ваъдаҳои шахсони ҷиноятпеша дода нашаванд.

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ таъкид дошт онҳое, ки бо ғаразҳои шахсӣ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд аз вазифа озод карда шуда, назорати фаъолияти ҳар як кормандон аз ҷониби муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ – сарпарастони корхонаҳои зертобеъ бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд.

Зикр гардид, ки ҳар як корманди корхонаи зертобеъ огоҳ бояд бошад, ки ба кору рафтори онҳо роҳбарон низ масъулият доранд ва кормандоне, ки бо дасту дили пок кор намекунанд, бо мақсадҳои ғаразнок ба кор машғул мешаванд, аз кор озод карда шаванд.

Дар ин замина ба директорони институтҳо дастур дода шуд, бори дигар фаъолияти кормандонро таҳлил намуда, корхонаҳои зертобеъро аз шахсони тасодуфӣ ва ноуҳдабаро тоза намуда, фаъолияти ҳар як мутахассисро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Дар мулоқот ҳамчунин сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва муовини сардори ҳамин Раёсат Абдулманонзода Абдулмумин Абдулманон, инчунин прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунгузори замини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Нурзода иштирок ва вобаста ба ислоҳи камбудиҳои зимни санҷишҳо ошкоршуда тавсияҳо доданд.

Дар охири ҷаласа изҳори боварӣ карда шуд, ки аз мулоқот имрӯза ва таҳлилу баррасии масъалаҳои вобаста ба фаъолияти корӣ дахлдошта ҳар яки кормандони корхонаҳои зертобеъ хулосаи зарурӣ бароварда, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дили пок рафтор хоҳанд намуд.

IMG 2439

IMG 2440

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/