No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати ятимони кул ва шахсони эҳтиёҷманд

ayodat 1Ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи охирони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 декабри соли 2019 оид ба дар арафаи соли нави мелодӣ расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон баён шуда буданд, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дар ноҳияи Бобоҷон Fафурови вилояти Суғд як гуруҳ ятимони кул, шахсони эҳтиёҷманд ва собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Аз ҷумла, зимни аёдати ятимони кул таъкид гардид, кӯдаконе, ки бо ҳукми тақдим аз меҳру навозиши падару модар маҳрум мондаанд, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар арафаи ҳамаи идҳо ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо ва маводҳои зарурии хурока дастрас карда мешавад.

Ҳамин тариқ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, ки дар як вақт роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Fафуров оид ба омодагӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар Ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Fозиён ва Унҷӣ зиёда аз 10 нафарро аёдат намуда, ҳамаи онҳоро бо соли нави мелодии 2020 табрик намуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/