МО ВА ҶАҲОНИ ГЛОБАЛӢ
- Ҷумъа, Декабр, 20 2019
- Written by Administrator
Ҳамкориҳои байналмилалӣ самар меоранд
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монд. Натиҷаи ҳамин гуна ҳамкориҳо буд, ки танҳо ҳамин сол Тоҷикистон мизбони чандин чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналмилалӣ гардид. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташаббускори чандин тадбирҳои сатҳи минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба шумор мерафт.
Яке аз ин тадбирҳо Иҷлосияи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин буд, ки рӯзҳои 17-19-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. 4-уми июни соли 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзои Гурӯҳи корӣ ҷиҳати баргузор намудани видеоконфронси мустақим бо ҳайати кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба амалисозии бандҳои дахлдори Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд гузаронида шуд.
Ҳамкориҳои Кумитаи давлатӣ бо намояндагони ширкати “Аэро Асахи Корпорейшн”-и Ҷопон (JICA), Лоиҳа оид ба рушди бозори замин дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» (ЮСАИД), коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Институти иттилоотию ҷуғрофии Вазорати замин ва инфрасохтори Ҷумҳурии Корея, намояндагони ширкати “ГЕО-ТУ”-и Ҷумҳурии Корея ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба таҳияи лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.
Бахши робитаҳои байналмилалӣ якҷо бо Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» баҳри рушди технологияҳои муосир корҳои судмандро ба сомон расонида, бо ҷалби шарикони хориҷӣ лоиҳаҳои муштараки соҳавиро таҳия намуда истодааст. Лоиҳаи муштараки «Ташкили маркази иттилоотию ҳамгироӣ оид ба замин бо истифода аз технологияи георадифӣ баҳри рушди истеҳсолот дар ҳавзаи дарёҳо ва муҳити кишоварзии Тоҷикистон”, лоиҳаи дигари “Таҳияи алгоритми гузариш барои низомҳои координатии геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Институти миллии иттилоотию ҷуғрофии Ҷумҳурии Корея ва ИЛТ “Фазо” оид ба ҳамкорӣ дар низоми координатии геодезии глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шудааст, аз ҷумлаи дигар тадбирҳоест, ки давоми соли 2019 мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.