Саҳми Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ободонии Душанбе
- Ҷумъа, Декабр, 20 2019
- Written by Administrator
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр бо авҷу суръати тоза идома доранд. Имрӯзҳо симои шаҳр ба куллӣ таѓйир ёфта, хеле ободу зебо шудааст. Дар радифи сохторҳои масъули шаҳрӣ вазорату идораҳои давлатӣ низ дар ин самт ҷиҳати дастгирӣ аз иқдомоти созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳм мегузоранд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати обод намудан ва кабудизоркунии гулгашт дар ноҳияи Фирдавсӣ, буриши кӯчаи Абай бо кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯчаи Деҳотӣ дар масоҳати 1,75 гектар тасмим гирифтааст.
Дар мавзеи мазкур корҳои ободонӣ тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда идома дошта, бештар аз 345 метр ҷӯйборҳои бетонӣ насб карда шуда, ҷӯйборҳои таъмирталаб навсозӣ гардиданд.
Дар ҷараёни корҳои ободонӣ инчунин дар масоҳати 14 ҳазор метри мураббаъ корҳои ҳамворкунии замин анҷом дода шуда, бештар аз 300 адад дарахти ҳамешасабз шинонда шуд.
Ҳамчунин зиёда аз 25 ҳазор адад дарахтҳои ҳамешасабзи туя ва дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ алафҳои ҳамешасабз кишт карда шуд, ки ин амал сарсабзиву хуррамии ин гӯшаи шаҳрро дар тамоми фаслҳои сол таъмин менамояд.
Дар доираи нишондоди лоиҳаи ангоравии иншоот низоми обёрии гулгашт низ пурра навсозӣ шуд. Атрофи мавзеи мазкур бо панҷараҳои зебо ороиш дода шудааст. Айни замон бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои ободониву сабзкорӣ дар ин мавзеъ ҷараён доранд. Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош доранд, ки корҳои лоиҳавиро бо сифати баланд ба анҷом расонида, барои боз ҳам зебову назаррабо гардидани ин гӯшаи шаҳр саҳм гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои гузашта низ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободии шаҳри Душанбе саҳм гузошта, як майдончаи муосири варзиширо дар ноҳияи Сино ва гулгашти назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бунёд карда буданд.