No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон

safar ba uzbekiston 1Санаи 19 ноябри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи заминсозӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд.

Дар рӯзи нахустини сафари корӣ шиносоӣ бо ҳайати ҷонибиҳо сурат гирифта гирифта барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо, истифодаи таҷрибаи ду кишвари дӯст мубодилаи афакор сурат гирифт.

Дар баромади худ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода барои истиқболи гарму самимӣ ба ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳо дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки зимни сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 17-18 августи соли 2018 ба имзо расида буданд, бо ҳам вусъат бахшида хоҳанд шуд.

Дар навбати худ Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадстри давлатии замин Абдушукр Абдуллоев таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо буда, бояд мутахассисони соҳа аз таҷрибаи ҳамдигар истифода намуда, дар рушду пешрафти соҳа саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Ёдрас мешавем, ки дар сафари корӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷкистон Ориф Хоҷазодаро директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Умариён Раҳмон Фақерзода, сардори сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатӣ Мирзо Назар, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» Ҳусанов Ҳусейн, директори Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» Ҳаётов Абдурасул, сармутахассиси шӯъбаи корҳои топографӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозии Кумитаи давлатӣ Меҳмондӯст Хидиров ва сармуҳандиси Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» Фотеҳ Қурбонзода ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи барнома сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон то санаи 22 ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, шиносоӣ бо фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва корхонаҳои зертобеъи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадстри давлатии замин дар назар дошта шудааст.

safar ba uzbekiston 2

safar ba uzbekiston 3

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/