No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Изҳори сипоси Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадстри давлатии замин

121212121212121212Тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадстри давлатии замин А.Абдуллоев ба унвони Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода номаи сипос ворид гардид.

Дар номаи мазкур А.Абдуллоев барои дар сатҳи баланди ташкилӣ қабулу гусели меҳмонон – иштирокчиёни иҷлосияи XLI-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки санаҳои 17-19 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои 10 давлатӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардида буд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намудааст.

Дар номаи худ Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадстри давлатии замин А.Абдуллоев аз ҷумла изҳори боварӣ намудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумитаҳои давлатии замин боз ҳам вусъат меёбад.

Ёдрас мешавем, ки санаи 17-19 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон иҷлосияи XLI-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода баргузор гардида, дар он зиёда аз 60 нафар роҳбарон ва мутахассисони соҳа аз давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирѓизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳайати гурӯҳҳои корӣ иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории иҷлосияи XLI-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин ҳисоботҳои роҳбарони ҳайатҳо ва масъулини гурӯҳои корӣ роҷеъ ба иҷрои корҳо дар давраи байнииҷлосиявӣ баррасӣ шуда, барои иҷрои корҳои минбаъда нақшаҳо қабул карда шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкории тарафайн байни сохторҳои марбутаро баррасигардида, нисбат ба даҳ масъалаи соҳавии муҳокимашуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/