31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ баргузор гардид

IMG 0437Санаи 15 октбяри соли ҷорӣ дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2019 бо иштиркони аъзоёни ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсат, шӯъбаву бахшҳо, дирекоторони корхонаҳои зертобеъ, раисони кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, раис, муовин ва директорони корхонаҳои фаръии давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъ иштирок намуданд.

Нахуст Раиси Кумитаи давлатӣ Ҳоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҷаласаи ҳайати мушовараро ифтитоҳ намуд. Баъд тасдиқ гардидани рӯзномаи ҳайатаи мушовара оид ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатӣ Каримзода Азизмамад Душанбе ҳисобот дод.

Баъдан Раиси Кумитаи давлатӣ аз роҳбарони Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”, Институти лоиҳакашию татқиқотии “Фазо” Корхонаи воҳиди давлатии “Фабрикаи харитасозӣ”, раисони кумитаи идораи замини ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ ва ғайра пурсиш оварда шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷараёни баррасии масъала таъкид карда шуд, ки аз 5 то 11 октябри соли ҷорӣ дар Кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ҷаласаҳои сайёри ҳайати мушовара баргузор шуда, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуда буданд.

Зикр гардид, ки аз натиҷаи таҳлилу баррасиҳо маълум шуд, ки ҳамаи он вазифаҳо ва масъалаҳои ба дӯши Кумитаи давлатӣ ва мақомотҳои он дар маҳалҳо вогузоршуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмин гардида бошанд ҳам, вале дар баъзе самтҳои фаъолият камбудиҳо зиёданд.

Бинобар ин зарур аст, аз пешравиҳо қаноатманд нашуда, баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, дар оянда тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро таъмин намуда, роҳи ҳамагуна қонунвайронкуниҳо пешгирӣ карда шавад.

Дар охири ҷаласа, Раиси Кумитаи давлатӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва азхудкунии заминҳои нав, пешгирии ғасб, хариду фуруш, ғайриқонунӣ тақсим намудани ҳама намуди заминҳо, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, махсусан корам ва корами обӣ, назорати қатъӣ нисбати ҷудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва тартиби аз як гурӯҳ ба дигар гурӯҳ ва аз як намуд ба дигар намуд гузаронидани заминҳо, махсусан заминҳои обӣ, назорати пардохти маблағҳои аз ҳисоби қонунвайронкунандагон вобаста ба замин воридшаванда, таъмини иҷрои қарори Раиси Кумитаи давлатӣ аз 19.12.2017 №69 «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 201-2019 оид ба таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бештар намудани корҳои тарғибу ташви-қотии зидди коррупсионӣ, пешгирӣ намудани хавфи коррупсия ва эҳтимолияти афзоиши он, саривақт баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани кормандон ва чораҷӯӣ баҳри пешгирии ҳолатҳое ки барои даст задан ба омилҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, чораҷӯӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намудани соли 2019 ба ҳамаи масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар охири ҷаласа изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи масъулин камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт ислоҳ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тамоми чораҳоро андешида, иҷрои саривақтии онҳоро бо пуррагӣ таъмин менамоянд ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро вусъати тоза мебахшанд.

IMG 0452

IMG 0443

IMG 0441

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/