31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истифода супоридани бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич

IMG 7888

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамчунин имрӯз бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷоемеа Абдуҷабор Раҳмонзода, роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳия мавриди баҳрабардори қарор дода шуд.

Дар ин бинои тозабуёнд барои кормандон беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 19 утоқи корӣ маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

Қаблан кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич бинои асосии худро надоштанд ва иҷоранишин буданд. Барои таъмини кормандони бо ҷойи корию шароити мувофик бинои бекорхобида дар маркази ноҳия баъди хуҷҷатгузории пурра ба тавозуни Идораи кумитаи замини ноҳия гузаронида шуд ва баъди пурра навсозӣ шудан барои кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Навсозии бинои мазкур дар доираи омодагихо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Барои навсозии ин иншоот беш аз якуним миллион сомони сарф шудааст.

Корҳои таҷдиду навсозии ин биноро қариб 60 нафар кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди «Кордон-2010» дар мўҳлати 11 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Ҳамакунун бо фароҳам гардидани шароити арзандаи корӣ кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич кўшиш менамоянд,ки сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам хубатру беҳтар кунанд.

Ҷиҳати дар арафаи истиқбол аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давалатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ба истифода додани ин иншоот кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар раванди навсозии иншооти мазкур саҳми арзишманди худро гузоштанд.
Ҳамаи утоқҳои кормандони бо шароити мизу курсӣ, компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Айни замон дар Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Деваштич 50 нафар мутахассисон кору фаъолият менамоянд ва ифтитоҳи ин иншооти замонави онҳо тӯҳфаи арзишманд дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод менамоянд.

Ҳамчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Айман як маҷмааи нави хизматарсонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи ин иншоот низ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар масъулини мақомоти соҳа иштирок намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқболи сазовори ҷашни миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ бунёд карда шуда, он аз ду ошёна иборат мебошад.

Дар ошёнаи якуми ин маркази хизматрасонӣ нуқтҳои савдо ошхона, дар ошиёнаи дуюм бошад ҳамом бо муосиртарин шароит, толори фитнес муҷаҳҳаз бо лавозимоти машқу тамрин ва дигар нуқтаҳои хизматарсонӣ ба роҳ монда шуда аст.

Ҳудуди ин маҷмааи нави хизматарсонӣ бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро дода шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаст ва чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ хеле назаррабо ба назар мерасад.

Ин маркази хизматрасонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷонибӣ соҳибкорони ватанӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат бунёд карда шудасту аз он сокинон ва меҳмомонон ба таврси васеъ исятифода мебаранд.

IMG 8036

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/