31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Резаахбор

(Пресс-релиз)

Љараёни баргузории иҷлосияи 41-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин.

(ш. Душанбе. 17-19-уми сентябр)

17-19-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри шањри Душанбе иҷлосияи 41-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин доир мегардад.

Дар ин љаласа, ки тањти раёсати Љумњурии Тољикистон сурат мегирад намояндагони њайатњои расмї аз љумњурињои Арманистон, Беларус, Ќазоќиситон, Ќирѓизистон, Молдова, Озарбойљон, Ўзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Фаъолияти Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин ба он нигаронида шудааст, ки фазои ягонаи геодезиро дар њудуди давлатњои иштирокчї фаъол созад ва бо табодули таљриба ва пешнињодњои мушаххас оид ба бењсозии муайяннамоии харитавї, геодезї ва кадастр ба пешравињо ноил гардад.

Њамкории зич ва њалли якљояи масъалањои мубрам дар самти геодезия ва харитасозї кафили рушди њамкорињои мутаќобилан судманди нињодњои геодезї дар доираи ИДМ мебошад.

Ин аст, ки таъсиси чунин як нињод дар фазои ИДМ имкон фароњам овард, ки аз таљрибаи якдигар истифода намуда, дар самти харитасозї ва кадастр ба пешравињои назаррас ноил гардем.

Њамкориҳои тарафайн, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин боис мегардад, ки бо рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, маълумотҳои маконӣ ва вазифаҳои татбиқшуда дар доираи Гурӯҳи корӣ шинос шаванд ва вазифањоро барои фаъолияти минбаъда мушаххас созанд.

Мубрамсозии бюлетени Электро­нии тағйироти номҳои ҷуғрофии дав­латҳои аъзои ИДМ, натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Луғати вожаҳои замонавӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, низоми иттилоотӣ, ҷуғро­фӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин», ки дар љаласаи ќаблї мавриди баррасї ќарор гирифт дар ин чорабинї натиљагирї ва ќарорњои марбута дар самти татбиќи онњо ќабул карда мешавад.

Омодасозии мутахассисони соња ва баланд бардоштани сатњи касбияти онњо низ дар мадди назар ќарор дошта, барои истифодабарии технологияҳои фосилавӣ барои баланд бардоштани тахассус ва аз нав омо­дасозии мутахассисон - иштирокчиёни давлатҳои ИДМ андешањои худро баён менамоянд.

Бо назардошти он, ки синни миёнаи харитасозон ва геодезистон 50-солро ташкил менамояд ва норасоии мутахас­сисон дар соҳа ба назар мерасад. Масъалаи омода намудани кадрњои љавон дар ин соња низ ба назар мерасад ва дар идомаи тадбирњои омўзишї њамчунин људо намудани квота барои тањсил дар донишгоњу донишкадањои соњавии кишварњои узв, махсусан Федератсия Росия низ ибрози назар карда шуд.

Бо шарофати фаъолияти Шўрои байнидавлатї раванди њамкорињои кишварњои аъзои ИДМ дар масъалаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин ба сатњи нав ва болотар баромад.

Барои татбиќи амалии ин њама тадбир наќши иљлосия назаррас буда, амалисозии инфрасохтори мушаххас дар самти тањкими њамкорињои байнидавлатї боис мегардад, ки як системаи комили геодезї байни давлатњои ИДМ фароњам оварда шавад ва њамчунин оид ба мубрамсозии таѓйири номњои љуѓрофии объектњо дар њудуди давлатњоро мушаххас намояд.

Тавре зикр шуд омодасозии кадрњо ва њамчунин таќвият бахшидани хамкорињо байни нињодњои марбута низ тадбирњои зарурї амалї карда мешавад.

Њамкории тарафайн оид ба таҳияи меъёрҳои фаъолият, руш­ди назарраси симметрӣ ва банизомда­рории хизматрасонии соҳавиро дар самти геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатҳои ИДМ таъмин менамояд.

Ин љаласа њамчунин имкони мусоидеро фароњам месозад, ки аъзои Шӯрои байнидавлатӣ метавонанд, оид ба шароитҳои беҳтарини инноватсионӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми мушоҳидаи фосилавии замин ва масоили гуногуни муҳими соҳа миёни њам мубодилаи афкор намоянд ва мушкилоти дар ин самт љойдоштаро њаллу фасл созанд.

Илова ба ин бо маќсади шиносоии њайати мењмонон бо зебогињои табиати Тољикистони бињиштосо ва маконњои тамошобобу таърихї хатсайрњои сайёњї ва барномањои фарњангї низ дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки давоми таърих фарзандони фарзонаи миллати тољик дар самти омўзиши замин, махсусан геодезия ќадамњои устувор гузоштанд, ки то ба њол омўзиши онњо мавриди таваљљўњи оламиён ќарор дорад.

Абўалї ибни Сино, Ал-Бухорї, Абўрайњони Берўнї ва дигарон дар рушду таќвияти ин соња сањми назаррас гузоштаанд.

Давоми солњои соњибистиќлолї дар Љумњурии Тољикистон геодезия рушд намуда, бо омўзиши таљрибаи кишварњои пешрафта ва истифода аз таљрибаи олимону мутахассисони худї ин соња рушд намуд.

Дар рафти љаласа 11 масъала мавриди баррасї ќарор дода мешавад. Аз љумла:

1.Оид ба амалисозии ќарори љаласаи 40-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин ва дастовардњои давлатњои аъзои ИДМ дар ин соња.

2.Оид ба натиљаи фаъолияти Гурўњи корї оид ба татбиќи лоиња дар бораи инфрасохтори маълумотњои фаромиллї.

3.Оид ба фаъолияти гурўњи корї дар хусуси системаи координат ва баландї дар давоми баргузории љаласа.

4. Оид ба натиљаи фаъолияти гурўњи корї дар самти номгузории љуѓрофї ва мубрамсозии бюлеттени электронии таѓйирдињии номњои љуѓрофї дар ИДМ.

5.Оид ба фаъолияти Гурўњи корї дар самти коркарди «Луѓати истилоњњои муосир, ки дар соњаи геодезия, харитасозї ва системаи маълумотњои љуѓрофї, кадастр ва мушоњидаи фосилавии замин истифода мешаванд».

6.Оид ба фаъолияти нињоди базавии ИДМ-Донишгоњи геодезия ва харитасозии Москва.

7.Оид ба натиљаи фаъолияти Гурўњи корї дар самти коркарди пешнињод дар хусуси сертификатонї ва ќонунигардонии фаъолият дар бозори мењнати соњавї дар кишварњои ИДМ ва њуљљатгузории оид ба такмили ихтисос дар соњаи геодезия, харитасозї, кадастр ва мушоњидаи фосилавии замин дар давраи то ин љаласа.

8. Оид ба натиљаи фаъолияти Гурўњи корї дар самти идораи маълумотњои љуѓрофї дар давраи байни љаласањо.

9.Табодули таљрибаи пешќадам ва навоварї дар соњаи геодезия, харитасозї кадастр ва мушоњидаи фосилавии замин.

10.Оид ба интихоби Раиси Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин барои давраи соли 2020 ва санаи баргузории љаласаи 42-юм.

11.Ќабули њуљљати нињоии Шӯрои 41-уми байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии за­мин.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/