31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захирахои замин, геодезия,

харитасозӣ ва кадастри давлатӣ

15.07.2019, шаҳри Душанбе

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекситон тадбирҳои зарриро амалӣ месозад.

Дар доираи Созишномаи байни Ҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва заминсозӣ, санаҳои 15-18 июли соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҷониби Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захирахои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатӣ Абдуллоев А. Ҳ.дар шаҳри Душанбе қарор доштанд.

Дар доираи сафари мазкур ва мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Ориф ва раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захирахои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатӣ Абдуллоев А. Ҳ ҷонибҳо масъалаҳои ҷарраёни амалисозии Созишномаи байни ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр, заминсозӣ ва мушоҳидаи фосилавии Замин, муҳокимаи масъала оид ба таҳияи Барномаи ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр, заминсозӣ ва мушоҳидаи фосилавии Замин, омодасозии меъёрҳо оид ба тасвири гузариши хати сарҳади давлатӣ дар харитаҳои нашршавандаи миқёсҳои гуногун, мубодилаи таҷрибаҳо дар самти номгӯи объектҳои ҷуғрофӣ (топонимика). Муҳокимаи масъала оид ба ивази феҳристи номгӯиҳои объектҳои ҷуғрофӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷонибҳо ва ғайраро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расиданд, ки имконоти васеъ оид ба ҳамкориҳои мутақобила вуҷуд дорад ва минбаъд аз рӯи ин масъала корро идома хоҳанд дод. Вохурӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашт.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/