31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.07.2019, шаҳри Душанбе

IMG 6637

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019, ки аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», 19 июли соли 2019 бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ, муовини якум, муовинони раис, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо, корхонаҳои тобеъ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз қабили телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Душанбе», радиои Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», «Садои Душанбе», «Имруз», «Овози тоҷик», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Азия-плюс», Агентии «Авесто», «Инсон ва табиат», Агентии иттилоотии сайти «Хабаргузори Озодагон», Агентии иттилоотию таҳлилии «Азия-плюс», Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон, рӯзномаи «Халқ овозӣ», рӯзномаи «Боҷу хироҷ» ва Маркази тадқиқотии журналистии «Фараж» иштирок намуданд.

Аз намояндагони 22 идораҳои воситаҳои ахбори оммаи хабар дода шуда, 100 фисад иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатӣ дар бораи фаъолияти кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар нимсолаи якуми соли 2019 ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузории замин, ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ ва рафти кор аз тарафи комиссияҳои ҷамъиятӣ, дар бораи таъмини заминистифодабарандагон бо Шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, заминҳои партов, заминҳои таназзулёфта, корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳад ва ҳолати ин кор бо давлатҳои ҳамсарҳад таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Нишасти матбуотии мазкур дар барномаҳои «Ахбор»-и телевизиони Тоҷикистон, «Сафина», Душанбе, «Ҷаҳоннамо» инъикос гардид ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расонида мешавад.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/