No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон


Натиҷагирӣ аз татбитқи Барномаи электронии САБТ


23.04.2019, шаҳри Душанбе

 

IMG 4828

     Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти кумитаи давлатӣ бо намояндагони Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Зимни вохурӣ иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2019 барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он тадбирҳои муҳим андешида шуданд.

  Дар ин замина барои шаффоф гузаронидани амалиёти бақайдгирӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда мусоидат менамояд. Дар ин мӯддат тартиби коргузорӣ тибқи санадҳои меъёрии “Қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои парвандаи бақайдгирӣ, рақамхои кадастрии молу мулки ғайриманқул”, “Қоидаҳо оид ба асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслӣ барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда”,“Тартиби бақайдгирии шартномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул” ва рақами кадастрии объекти молу мулки ғайриманқул ҳамчун рақами ягонаи такрорнашаванда ва ивазнашаванда дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудаанд,ки афзалияти зиёдеро ба бор овардааст.

    Иштирокчиёни вохурӣ дар ин замина иброз доштанд, ки барномаи электронии “Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” (САБТ) бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва маблағгузории КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” таҳия ва дар тамоми ташкилотҳои минтақавии бақайдгирӣ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон (веб-технология) пайваст гардид.

   Ин тартиб ва татбиқи электронии коргузорӣ бо истифода аз Барномаи электронии САБТ табодули мутақобилаи маълумотҳоро байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст. Ҷонибҳо чунин шакли коргузориро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда, ҳамчунин Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар ин замина кумитаи давлатӣ омода аст, табодули ҳама намуди маълумотро вобаста ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо дигар вазорату идораҳои дахлдор (бонкҳо, нотариусҳо, омор ва ғайра) ба роҳ монад.Дар ин замина, муҳлати иҷрои амалиёти бақайдгирӣ новобаста аз он, ки қонунгузорӣ 7 рузи корӣ (дар ҳолатҳои истисноӣ 14 рузи корӣ) муқаррар намудааст, ба ҳисоби миёна ба 8 соати корӣ оварда расонида шуд. Дар баъзе мавридҳо ин амалиёт дар 3-4 соати корӣ амалӣ карда мешавад.

   Дар идома, Умариён Раҳмон Фақерзода – директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гуфтанд, ки назорати амалиётҳои бақайдгирӣ бо истифода аз барномаи САБТ аз марказ ба роҳ монда шудааст, ки рафтуомади зиёди кормандонро аз марказ ба шаҳру ноҳияҳо барои назорати амалиёти бақайдгирӣ кам намуда, иҷрои амалиёти бақайдгириро содда, шаффоф ва осон гардонидааст.Ҳамчунин ҳайатҳо оид ба истифодаи харитаҳои рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди корҳои кадастрӣ ва бақайдгирӣ ибрози назар намуда, қайд намуданд, айни замон харитаҳои рақамӣ беш аз 35-40 %-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Дар ин замина корҳо дар ин самт вусъат ёфта, рақамикунонии харитаҳо дар Институти лоиҳакашии тадқиқотии “Фазо”, КВД “Фабрикаи харитасозӣ” ва КВД аэрогеодезии Душанбе идома доранд.

    Дар вохурӣ Нигина Анварӣ -муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва намояндагон аз Бонки ҷаҳонӣ татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар ин самт барои пешбурди кори соҳибкорӣ ва тиҷорат муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳоро аз натиҷаҳои таҷрибаи ҳосилшуда муҳим арзёбӣ намуданд.        

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/