No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲИСОБОТ

дар бораи фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо

дар семоҳаи аввали соли 2019

        

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод.

Кумитаи давлатӣ дар моҳи январи соли 2019 тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019 тибқи моддаҳои 5 ва 61-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018,№593 «Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019» таҳия намуда ва бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуд ва он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 87 тасдиқ гардид.

       Ҳисоботи солонаи замин дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (13 адад) ва қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (5060 адад) тартиб дода шудааст.

Ҳамаи заминҳо дар ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2019 майдони умумии 1 413 7907 гектарро ташкил медиҳанд.

Берун аз ҳудуди маъмурӣ майдони умумии 95 869 гектар, аз он 6651 гектар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 89 218 гектар дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар истифодаи заминистифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Давлатҳои ҳамсоя дар ҳудуди ҷумҳурӣ майдони умумии 1160 гектарро, аз ҷумла 1094 гектар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 66 гектар Ҷумҳурии Қирғизистон истифода мебаранд.

Ҳамаи заминҳо якҷоя бо заминистифодабарии бурунмарзӣ майдони умумии 14 232 616 гектарро ташкил медиҳанд.

Фонди ягонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад:

-заминҳои таъиноти кишоварзӣ 6 880281 гектар, аз он обӣ 683901 гектар;

-заминҳои маҳалли аҳолинишин 180280 гектар, аз он обӣ 63117 гектар;

-заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар 177168 гектар, аз он обӣ 4685 гектар;

-заминҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ 2 706395 гектар, аз он обӣ 323 гектар;

-заминҳои фонди давлатии ҷангал 1 336331 гектар, аз он обӣ 4626 гектар;

-заминҳои фонди давлатии об 38 099 гектар, аз он обӣ 897 гектар;

-заминҳои захираи давлатӣ 2 819 353 гектар, аз он 3974 гектар обӣ.

      I. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди маъмурӣ дар истифодаи корхонаҳои кишоварзӣ майдони 6 976 084 гектар, аз он обӣ 684 394 гектар қарор доранд.

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 01.01.2018 майдони умумии 15 343 гектар, аз он 2 981 гектар обӣ зиёд шудааст.

       Инчунин, дар ноҳияи Шаҳринав, ки баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо гузаронида шудааст, чунин тағйиротҳо ба амал омадаанд: заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар майдони 2950 гектар кам шуда, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар майдони 3123 гектар зиёд шудаанд, заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар дар майдони 571 гектар, заминҳои корхонаҳои хоҷагии ҷангал дар майдони 1 гектар ва заминҳои фонди давлатии об дар майдони 102 гектар зиёд шуда, заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ дар майдони 13 гектар кам шудаанд. Инчунин, майдони заминҳои истифодабарии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Шаҳринав 24 гектар кам шудаанд.

II.Заминҳои маҳалҳои аҳолинишин. Майдони умумии заминҳои маҳалҳои аҳолинишин 180 280 гектар, аз он обӣ 63 117 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 01.01.2018 майдони 3355 гектар, аз ҷумла обӣ 982 гектар зиёд шудааст. Зиёдшавии майдонҳо дар натиҷаи аниқ намудани майдони заминҳои ин гурӯҳ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба амал омада, заминҳои наздиҳавлигии гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба ин гурӯҳ гузаронида шудаанд.

III.Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар

Майдони умумии ин гурӯҳи заминҳо 177 168 гектар, аз он обӣ 4685 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 01.01.18 майдони 133 гектар ва обӣ 6 гектар зиёд шудаанд. Зиёдшавии мазкур дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба амал омада ва тибқи қарорҳои дахлдор қитъаҳои замин мувофиқи таъиноташон ба ин гурӯҳи заминҳо гузаронида шудаанд.

IV.Заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ.

Майдони ин гурӯҳи заминҳо 2 706 395 гектар, аз он обӣ 323 гектарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба 01.01.2018-ум 11 гектар кам шудаанд. Камшавӣ аз ҳисоби гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба амал омадааст.

V.Заминҳои фонди давлатии ҷангал

Майдони заминҳои фонди давлатии ҷангали ҷумҳурӣ 1 336 331 гектар, аз он обӣ 4 626 гектарро ташкил медиҳад, ки дар соли ҳисоботӣ 10 гектар майдони умумии заминҳои ҷангал кам шуда, майдони заминҳои обӣ бошад 48 гектар зиёд шудааст. Аз ҳисоби ин гурӯҳи заминҳо дар ноҳияи Шаҳристон дар майдони 2 гектар минтақаи истироҳатӣ таъсис дода шуда, майдони 9 гектар ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронида шудааст. Инчунин, дар шаҳри Панҷакент аз ин гурӯҳи заминҳо майдони 48 гектар заминҳо азхуд карда шуда, ба намуди заминҳои корами обӣ гузаронида шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав 1 гектар дар ин гурӯҳ зиёд шудааст.

VI.Заминҳои фонди давлатии об

Майдони ин гурӯҳи заминҳо 38 099 гектар, аз он обӣ 897 гектарро ташкил дода, бо сабаби аз дигар гурӯҳи заминҳо гузаштан, нисбат ба ҳолати 1.01.2018 майдони 102 гектар зиёд шудааст. Зиёдшавӣ, асосан дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба вуҷуд омадааст.

VII.Заминҳои захираи давлатӣ

Майдони ин гурӯҳи заминҳо 2 819 353 гектар, аз он обӣ 3974 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳолати 01.01.2018 майдони 18 690 гектар ва обӣ 343 гектар кам шудааст.

Камшавӣ дар натиҷаи аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ташкил намудани корхонахои кишоварзӣ ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои мақсадҳои ғайрикишоварзӣ ба амал омадаанд.

 

Тағйирот дар намуди заминҳои ҳудуди маъмурии ҷумҳурӣ

Аз майдони умумии заминҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, 4706050 гектар, аз он 616069 гектар обӣ, заминҳои корам 669745 гектар, аз он 466787 гектар обӣ;ниҳолҳои бисёрсола 157 048 гектар, аз он 121357 гектар обӣ; заминҳои партов 27 278 гектар, аз он 22740 гектар обӣ, алафдарав 18 514 гектар, аз он 1 428 гектар обӣ ва чарогоҳҳо 3 833 465 гектар, аз он 3757 гектар обиро ташкил медиҳанд.

Заминҳои корам. Майдони умумии заминҳои корам нисбат ба ҳолати 01.01.2018 1478 гектар ва майдони заминҳои корами обӣ 3742 гектар зиёд шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби дарахтони бисёрсола майдони 247 гектар обӣ, партов 1152 гектар, аз он 561 гектар обӣ, чарогоҳ 507 гектар, хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 138 гектар, аз он 99 гектар обӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ 2 гектар обӣ ва аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашванда 418 гектар ба заминҳои корам гузаронида шудаанд. Дар шаҳри Ваҳдат 23 гектар ва дар ноҳияи Ванҷ 10 гектар заминҳои партови лалмӣ ба обӣ гузаронида шудаанд.

Майдони 1748 гектар заминҳои навазхуд кардашуда дар ноҳияи Данғара, инчунин 616 гектар заминҳои корами лалмӣ ва 469 гектар дигар заминҳо ба обӣ гузаронида шудаанд.

Аз ҳисоби замини корам бошад, ҳамагӣ 2734 гектар, аз он 295 гектар обӣ ба дигар намуди заминҳо, аз ҷумла 828 гектар, аз он 242 гектар обӣ ба ниҳолҳои бисёрсола; 95 гектар, аз он 3 гектар обӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ; 3 гектар ба роҳҳо; 55 гектар, аз он 7 гектар обӣ ба заминҳои зери иморату иншоот; 11 гектар ба дигар заминҳо ва 1742 гектар ба заминҳое, ки дар давраи сохтмони мелиоративӣ қарор доранд, гузаронида шудаанд.

Заминҳои ниҳолҳои бисёрсола дар соли ҳисоботӣ 2557 гектар, аз ҷумла 902 гектар обӣ нисбат ба соли 2018 зиёд шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои корам майдони 828 гектар, партов 297 гектар, чарогоҳҳо 1256 гектар, наздиҳавлигӣ 1 гектар ва дигар заминҳо 423 гектар ба намуди ниҳолҳои бисёрсола гузаронида шуда, аз ҳисоби заминҳои ниҳолҳои бисёрсола майдони 247 гектар ба заминҳои корам ва 1 гектар ба дигар намуди заминҳо гузаронида шудааст.

Заминҳои партов. Майдони заминҳои партов 1 449 гектар, аз ҷумла обӣ 858 гектар кам шудааст. Камшавӣ, дар натиҷаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ба амал омадааст. Аз ҷумла, майдони 1152 гектар, аз он 561 гектар обӣ ба заминҳои корам ва майдони 297 гектар партови обӣ ба ниҳолҳои бисёрсола гузаронида шудааст. Дар шаҳри Ваҳдат 23 гектар ва дар ноҳияи Ванҷ майдони 10 гектар заминҳои партови лалмии азхудкардашуда, ҳамчун корами обӣ ба ҳисобот ворид карда шудаанд.

Заминҳои чарогоҳҳо. Майдони чарогоҳҳо нисбати соли 2018 1380 гектар зиёд шудааст. Аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ 507 гектар ба заминҳои корам, 1256 гектар ба намуди заминҳои ниҳолҳои бисёрсола, 34 гектар ба фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва 21 гектар ба заминҳои зери иморату иншоот гузаронида шудааст. Зиёд шудани заминҳои чарогоҳ дар натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба амал омадааст.

Заминҳои наздиҳавлигӣ. Майдони заминҳои наздиҳавлигӣ 213910 гектар, аз он обӣ 107 172 гектарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳолати 01.01.2018 майдони умумӣ 1707 гектар зиёд шуда, майдони обӣ бошад 3 гектар кам шудааст. Зиёдшавии майдони ин намуди заминҳо аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ 95 гектар, чарогоҳ 34 гектар ва дигар намуди заминҳо 1581 гектар дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав ба амал омадааст. Аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ 2 гектар ба замини корами обӣ ва 1 гектар ба ниҳолҳои бисёрсолаи обӣ гузаронида шудаанд.

Заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон. Майдони 59 034 гектар, аз он обӣ 32 958 гектарро ташкил намуда, нисбат ба соли 2018 майдони 241 гектар, аз он 99 гектар обӣ кам шудааст. Ин намуди заминҳо асосан дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ноҳияи Шаҳринав бо сабаби аз истифода даст кашидан, ин заминҳо ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ гузаронида шудаанд.

Аз майдони умумии заминҳои корхонаҳои кишоварзӣ (6976084 гектар)

-заминҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ 80852 гектар;

-хоҷагиҳои деҳқонӣ 5147282 гектар;

-заминҳои хоҷагиҳои давлатии комплекси агросаноатӣ 380206 гектар;

-корхонаю ташкилотҳои кишоварзии байнихоҷагӣ 82507 гектар; хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ 178835 гектар;

-ширкатҳои аграрӣ 94350 гектар;

-корхонаҳои иҷоравӣ 63267 гектар;

-корхонаҳои ташкилоти кишоварзии кооперативӣ 122334 гектар;

- дигар намуди нави хоҷагидорӣ 297408 гектар;

-хоҷагиҳои давлатии кишоварзии дигар вазорату идораҳо дар ҳайати комплекси агросаноатӣ дохилнабуда 27031 гектар;

-боғдорию полезкорӣ 942 гектар ва заминҳои тобеи ҷамоатҳо 501 070 гектарро ташкил медиҳанд.                                                                                          

Гарчанде, ки сол аз сол майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, кам шуда истода бошанд ҳам, лекин то ҳол майдони заминҳои холимонда нисбат ба талаботи замон хеле зиёд мебошад. Агар бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, набудани об барои обёрӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо дар соли 2017-ум майдони 10543 гектар замини корам, аз ҷумла 8823 гектар корами обӣ дар кишоварзӣ истифода нашуда бошанд, пас дар соли 2018-ум дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 9615 гектар, аз ҷумла замини корами обӣ 8139 гектарро ташкил дод, аз онҳо дар ВМКБ 192 гектар корами обӣ, дар вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар корами обӣ,дар вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар корами обӣ,дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар корами обӣ мебошанд.

           Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/64-22 аз 4 сентябри соли 2017 ва банди 7-и Протоколи ҷаласа оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо маълумотҳо дастрас карда шуд.

Майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01 соли 2019 ҳамагӣ 213910 гектар, аз он обӣ 107172 гектар, корам 121328 гектар, аз он обӣ 71244 гектар, дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 46321 гектар, аз он обӣ 35115 гектар, иморатҳо ва дигар заминҳо 39689 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59034 гектар, аз он обӣ 32958 гектарро ташкил медиҳанд.

       Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, ба ҳолати 13 марти соли 2018 натиҷаи ченакҳои гузаронидашуда чунин мебошад:             -шумораи заминистифодабарандагон 79584 адад;

-заминҳои наздиҳавлигӣ 180297 гектар, аз он обӣ 93378 гектар;

-замин корам 99813 гектар, аз он обӣ 64111 гектар:

-дарахтони бисёрсола 36198 гектар, аз он обӣ 23995 гектар;

-зери иморатҳо ва дигар заминҳо 35184 гектар;

-заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 48932 гектар, аз он обӣ 30006 гектар.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 - 2018 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон   ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30487,47 гектар ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ ба ҳолати 15 марти соли 2019 майдони 22823,56 гектар ба 213615 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудаанд, ки 52% шумораи умумии оилаҳои этиёҷмандонро ташкил медихад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 8-и Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №2 аз 18 марти соли 2019 оид ба оғози кишти баҳорӣ ба ҳолати 5 апрели соли 2019 аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотҳо пешниҳод гардидааст.

       Маълумотҳои ченаки назоратӣ, ки аз тарафи кумитаҳои идораи замини маҳал гузаронида шуда нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 192548 гектар кишт шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 134661 га, пахта 26851 га, пиёз 10584 га, сабзи 2048 га, дигар сабзавотҳо 3261 гектар, картошка 8668 гектар, полезӣ 2315 гектар, хуроки чорво 4160 гектар мебошад, аз ҷумла:

-дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар майдони умумии 79 гектар кишт шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 40 гектар, дигар сабзавотҳо 2 гектар, картошка 35 гектар ва хӯроки чорво 2 гектар мебошад,

         -дар вилояти Суғд дар майдони умумии 9741 гектар кишт шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 5813 гектар, пахта 1014 гектар, пиёз 1057 гектар, сабзӣ 65 гектар, дигар сабзавотҳо 112 гектар ва картошка 1680 гектар мебошад,

         -дар вилояти Хатлон дар майдони умумии 173236 гектар кишт шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 123636 гектар, пахта 25816 гектар, пиёз 8598 гектар , сабзи 1928 гектар, дигар сабзавотҳо 1737 гектар, картошка 5057 гектар, полезӣ 2315 гектар ва хӯроки чорво 4149 гектар мебошад,

         -дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар майдони умумии 9492 гектар кишт шудааст, ки аз он кишти ғалладонагиҳо 5172 гектар, пахта 21 гектар, пиёз 929 гектар, сабзӣ 55 гектар, дигар сабзавотҳо 1410 гектар, картошка 1896 гектар ва хӯроки чорво 9 гектар мебошад.

       Кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад ва Кумитаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.

Кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки нисбати заминҳои холимонда ва партов кор бурда, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо чораандешӣ намоянд.      

Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар соли 2019 боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ   ва мақомоти он дар маҳал 4267 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 4267 дастур дода шуда, нисбати 3780 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 1 615 415 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 1 369 518 сомонӣ (85%) ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 244 мавод ба прокуратура, 42 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 2884 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. (68 %)

Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал нисбат ба 3 моҳи   соли 2018, 433 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин зиёд ва 493 парвандаҳои маъмурӣ зиёд тартиб дода шудааст. Ба маблағи 397 470 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ зиёд қабул гардида, воридоти он ба маблағи 332 898 сомонӣ зиёд мебошад. Ба прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ нисбат ба се моҳи соли 2018 29 мавод кам ирсол карда шудааст.

Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ корҳои назорати риояи қонунгузории замин дар ноҳияи Дӯстӣ, тибқи мушоҳидаҳои аксҳои кайҳонӣ аз рӯи барномаи интернетии (Googl) вобаста ба бунёди сохтмонҳо дар 2 ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуда, инчунин тибқи нақшаи корӣ корҳои назоратӣ дар шаҳри Ваҳдат гузаронида шуда истодааст .

Дар ноҳияи Дӯстӣ дар натиҷа 146 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 146 дастур дода шуда, нисбати 134 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 88 520 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он маблағи 85 670 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 20 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.

Инчунин, дар рафти санҷиш 23 адад қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Дӯстӣ ошкор гардид,ки барои бекор кардан ва даровардани тағйиротҳо ба онҳо ба унвонии раиси ноҳия пешниҳод ирсол карда шудааст

Дар шаҳри Ваҳдат, дар натиҷа 96 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 96 дастур дода, нисбати 94 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 59 440 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он маблағи 44 480 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид ва 5 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.

Дар ноҳияи Хуросон, дар натиҷа 27 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 27 дастур дода, нисбати 21 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 14 905 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд, ки аз он маблағи 14 905 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шуда, 9 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд.

Баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   №30-5/7 аз 10январи соли 2019 вобаста ба гузориши раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи таҳлили ҷараёни иҷрои протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, №1к/30-6 то ин давра аз ҷониби мутахассисони Кумитаи давлатӣ 269 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин 269 дастур ва нисбати 249 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 162 865 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид, ки аз он маблағи 146 155 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ворид карда шудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои бартарафкунии вайронкунии қонунгузории замин қайд кардан ба маврид аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор майдони 20,0 га, Варзоб майдони 2,70 га, Рӯдакӣ майдони 9,45 га ва дар шаҳри Душанбе майдони 1,01га қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ҳолати бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад.  

Оид ба масъалаи мазкур ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 30.01.19 №2/6-319 (9.35) маълумот ирсол карда шуд.

Инчунин, нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018, №13 ҷиҳати пешгирӣ кардани сохтмони ҳар гуна иншооти ғайриқонунӣ ва ғайристандартӣ аз ҷониби сокинони маҳалҳои аҳолинишин дар шафати роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар таҳти баррасӣ қарор дода, оид ба натиҷаи санҷиши иншоотҳои ҳамшафати роҳи мазкур ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замин, маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019 №1/6-280(9.35) ирсол карда шуд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Тибқи мактуби Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатӣ вобаста ба истифоди мақсадноки заминҳои роҳҳои чорвогузар ва майдони дамгирии чорво дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рудакӣ санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он хулосаҳои зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ ирсол намуд .

Дар асоси мактуби Прокуратураи генералӣ ҳолати истифодабарии кӯли моҳипарварӣ ва нуқтаи хизматрасонӣ дар ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш 1 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ошкор карда шуда, тибқи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ карда шуд.

Кумитаи давлатӣ тибқи мактуби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе истифодаи самаранок ва мақсадноки заминро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ таҳти санҷиш қарор дода, муайян намуд, ки аз ҳисоби заминҳои корами обӣ майдони 0,77 га ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуда, шаҳрвандон ба корҳои сохтмонӣ шурӯъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур санад тартиб дода шуда, ба раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ вазифадор карда шуд, ки қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонад.

Дар асоси мактуби Муассисаи таълиму истеҳсолии нобиноёни шаҳри Ваҳдат оид ба муайян намудани сарҳади қитъаи замини муассиса ва аз ҳисоби қисми он додани қитъаи замин ба шаҳрванд Нуралиев М., дар маҳал таҳти баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиш бинобар хилофи моддаи 97-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бе иҷозати заминистифодабарандаи аввалиндараҷа гирифтани қитъаи замин, барои беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 25.01 соли 2019 №2-112 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 0,50 га ба шаҳрванд Нуралиев М., ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат пешниҳод ирсол шуд.

Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар се моҳи   соли 2019, 1953 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 1953 дастур, нисбати 1576 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 614 115 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намудааст, ки аз он 549 895 сомонӣ (90%) ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 148 мавод ба прокуратура, 18 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 1551 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Кумитаи идораи замини вилояти Cуғд дар семоҳи соли 2019, 1363 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 1363 ҳолат дастур, нисбати 1358 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 570 810 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз он   462 348 сомонӣ (81%) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. 4 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда 978 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин   дар маҳал бартараф карда шудааст.

Кумитаҳои идораи замини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар семоҳи соли 2019, 68 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбати 68 ҳолат дастур ва нисбати 51 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 18 700 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардааст, ки аз он 10 645 сомонӣ (57 %) ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 8 мавод ба прокуратура ирсол карда, дар маҳал 31 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро бартараф кардаанд.

Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар семоҳи соли 2019, 614 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карда, нисбати 614 ҳолат дастур, нисбати 546 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 248 925 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул кардаанд, ки аз ин 200 475 сомонӣ (80%) ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 88 мавод ба прокуратура ва 20 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда, 290 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар маҳал бартараф карда шудааст.  

Кумитаи давлатӣ дар оянда низ баҳри истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонида, ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.

Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст.

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 01 марти соли 2019 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 184040 ададро ташкил дода, аз ин шумора 68028 адад дар вилояти Суғд, 67290 адад дар вилояти Хатлон, 16131 адад дар ВМБК ва 32591 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Дар давоми соли сипаригашта бошад, ҳамагӣ 1284 адад хоҷагии деҳқонӣ ташкил дода шуд, ки аз ин миқдор 457 адад дар вилояти Суғд, 527 адад дар вилояти Хатлон, 7 адад дар ВМБК ва 293 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Бо мақсади иҷрои банди 8 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №7 аз 19 июни 2018 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи 2018 №311(28-6), аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатӣ фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон ва ҳолати истифодабарии заминҳо ва фермаҳои ба муассисаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ вобасташуда, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Б.Ғафуров, Шаҳристон, Ашт ва Панҷакенти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Данғара ва Мӯъминободи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисори тобеъи ҷумҳурӣ санҷида шуд. Аз натиҷаи санҷиши гузаронидашуда, ба унвонии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод карда шуд.

Баҳри таъмин намудани бандҳои 2 ва 4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, вобаста ба тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, самаранок истифода бурдани обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва дар ин замина, таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

         Бо ин мақсад Кумитаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи парвандаҳои заминсозии таҷдиди хоҷагиҳо оид ба масъалаи заминҳои фонди захиравӣ маълумотҳои муфассал омода намуда, муайян карда шуд, ки дар 145 адад хоҷагиҳои кишоварзие, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти ислоҳот қарор додаанд, майдони умумии 27346 га, аз он 8672 га корам, аз ҷумла 5118 га корами обӣ, 1058 га дарахтони бисёрсола, 12591 га чарогоҳ ва 5024 га дигар намуди заминҳо ҳамчун заминҳои фонди захиравии тақсимнашаванда барои истифодаи муҳлатнок ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудааст.

           Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати самаранок ва мақсаднок истифода намудани заминҳои фонди захиравии хоҷагиҳои таҳти ислоҳот қароргардида, таҳлили заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварии ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.

           Дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ 16 адад хоҷагиҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, аз ҳисоби хоҷагиҳои мазкур майдони умумии 1687 гектар, аз ҷумла корами обӣ 1662 гектар замин ба фонди захиравӣ (тақсимнашаванда) барои дурнамои рушди маҳал ва инкишофи истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷудо гардидааст.            

           Тибқи талаботи банди 26-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» заминҳои фонди захиравӣ бояд ба мақсадҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ба истифодаи муҳлатнок ё тариқи иҷора ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста карда мешавад.

         Дар натиҷаи гузаронидани таҳлил дар маҳал, маълум гардид, ки аз майдони умумии 1687 гектар заминҳои фонди захиравии ҷудогардида, бо қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ майдони 460 гектар барои истифодабарии муҳлатнок вобаста карда шудааст. Инчунин, дар рафти таҳлил муайян карда шуд, ки бе риояи талаботи «Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» қитъаҳои майдони 505 гектар замин барои истифодабарии бемуҳлат ба хоҷагиҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ   вобаста карда шудааст.

       Кумитаи давлатӣ бо мақсади пешгирии тақсимоти ғайриқонунии заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, татбиқи қонунгузории соҳаи замин ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин, фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарвариро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода истодаанд.

         Рафти омӯзиш ва таҳлилҳо маълум намуданд, ки мутобиқи қарорҳои дахлдори баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо, аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонии ба шабакаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ шомил кардашуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шудааст.  

 

 

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия, ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ дар маҳалҳо бурда мешаванд.

Ҷиҳати пешгирию пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ва омилҳои хусусияти коррупсионидошта, бо кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ вохӯриҳо гузаронида мешавад.

Дар асоси мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” дар Кумитаи давлатӣ тибқи қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019, №8 гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Кумитаи давлатӣ фаъолияти худро бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Назарализода И.Н. оғоз намуда, бояд се давраи таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) то охири моҳи майи соли ҷорӣ гузаронида, ба итмом расонад.

Дар Кумитаи давлатӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ санҷиши ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” гузаронида шуд. Ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкоргардида, аз ҷониби шахсони масъул вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шудааст.

         Ҷиҳати ба таври дахлдор ба иҷро расонидани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, № 629 “Дар бораи ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои моддаи 42-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Хатлон 31 адад аризаҳои даъвогӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва вазорату ташкилотҳои қарздор, корбарӣ   давом дода шудааст.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 43616590 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи ҳисоботҳо, ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 1621963 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст, ки аз ин вобаста ба аризаҳои даъвогӣ ва мактубҳои огоҳкунандаи Кумитаи давлатӣ, 160 997 сомониро ташкил додааст.

Мутобиқи талаботҳои моддаҳои 273 ва 302 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2019» таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардида буд. Лоиҳаи қарори мазкур бо вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуданд. Танҳо аз Вазорати молия хулоса бо таклифу эродҳо ворид гардидаанд ва лоиҳаи қарори мазкур такроран ба Вазорати молия пешниҳод гардида, айни ҳол таҳти баррасӣ қарор дорад.

       Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи корӣ, қабули маълумотҳо доир ба заминҳои таназзулёфта, аз ҷумла; майдони заминҳои шӯршуда, ботлоқшуда, эрозияи обӣ, бодӣ ва биёбоншуда аз кумитаҳои идораи замин бо мувофиқаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуда, динамикаи тағйирёбии заминҳои таназзулёфтаро дар давоми солҳои 2016-2018 мавриди таҳлил қарор дод.

       Таҳлилҳо дар ин самт нишон дод, ки дар давоми се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, риоя нагардидани реҷаи обгирӣ, киштгардони зироатҳо, кори ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ва дигар омилҳо сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд гардида, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, фарсоиш (эрозия)-и заминҳо ва дар натиҷаи аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, қисман биёбоншавии заминҳои корам ба амал омадааст.

       Дар ҳудуди вилояти Суғд дар соли 2018 майдони умумии заминҳои таназзулёфта 81442,60га, аз ҷумла, заминҳои шӯрнокияш паст 61203,64 га, заминҳои шӯрнокияш миёна 14627,96 га, заминҳои шӯрнокияш баланд 2666,0 га, заминҳои ботлоқшуда 2925,0 ва заминҳои ба фарсоиш (эрозияи)-и бодӣ дучоршуда майдони 20,0 гектаррро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 майдони ин заминҳо 6232,0га, аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 5926,0 га, заминҳои шӯрнокияш миёна 257,0 ва заминҳои шӯрнокияш баланд 49,0 га, зиёд гардидааст.

       Таҳлилҳо нишон дод, ки ин тағйирот, асосан, бинобар сабаби риоя нагардидани корҳои агротехникию-мелиоративӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба амал омадааст.    

       Дар вилояти Хатлон бошад, дар ин давра бо истифода аз маблағҳои ба ин самт ҷудогардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои мелиоративӣ заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 7601,90 га, аз ҷумла, заминҳои шӯрнокияш паст 7866,0 га, заминҳои шӯрнокияш баланд 644,57 га, заминҳои ботлоқшуда 2263,9 га, заминҳои аз фарсоиш (эрозия)-и обӣ вайроншуда 844,27га, заминҳои аз фарсоиш (эрозия)-и бодӣ вайроншуда 6,0 га ва заминҳои биёбоншуда 450,0 га кам гардида, қисман дар натиҷаи риоя нагардидани талаботҳои агротехникӣ майдони умумии заминҳои шӯршуда 7069,11га ва заминҳои ботлоқшуда майдони 331,0 га зиёд гардидааст.        

       Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, дар ин муддат заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 68,86 га, аз ҷумла, заминҳои шӯрнокияш миёна 1,30га, заминҳои ботлоқшуда 222,64 га, заминҳои аз фарсоиши (эрозияи) бодӣ вайроншуда 30,87 га ва заминҳои биёбоншуда 138,0 га кам гардида, заминҳои шӯрнокияш паст 313,90 га ва заминҳои аз фарсоиши (эрозияи) обӣ вайроншуда 10,05 га зиёд гардидааст.        

           Дар ВМКБ дар се соли сипаришуда, заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 573,22 га, аз ҷумла, заминҳои шӯрнокияш паст 114,0 га, шӯрнокияш миёна 229,0 га, заминҳои шӯрнокияш баланд 60,0 га, заминҳои аз фарсоиши (эрозияи) обӣ вайроншуда 5,22 га, заминҳои аз фарсоиши (эрозияи) бодӣ вайроншуда 100,0 га ва заминҳои биёбоншуда 84,0 га кам гардида, заминҳои шӯрнокияш паст 313,90 га ва заминҳои ботлоқшуда дар майдони 19,0 га зиёд гардидааст.

           Дар ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016-2018, гарчанде аз ҳисоби буҷаи мутаммарказ, буҷаи маҳаллӣ, грантҳо ва ҳақки хизматрасонии об барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағҳои ҷудогардида равона шуда, заминҳои таназзулёфта 2011,98га кам гардидааст, ки ин аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 1740,10 га, заминҳои шӯрнокияш баланд 655,57 га, заминҳои ботлоқшуда 2440,54га, аз фарсоиш (эрозияи)-и бодӣ 839,44 га, заминҳои аз фарсоиш (эрозияи)-и обӣ 136,87 га ва заминҳои биёбоншуда 672,0 гектарро ташкил дода, аз ҳисоби омилҳои мусоидаткунанда заминҳои шурнокияш миёна дар майдони 4472,54 га зиёд гардидааст.

           Мушкилоти зикршударо, ки аз тарафи масъулини соҳа мунтазам мавриди мушоҳида ва таҳлилҳо қарор дорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ барномаи алоҳида «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»-ро қабул намуд.

             Мавриди зикр аст, ки соли гузашта вобаста ба самти мазкур иловатан қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 374 аз 1 августи соли 2018 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ба тавсиб расид.  

            Тибқи нақшаи замимашудаи қарори мазкур ҳамагӣ заминҳои дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарордошта, то 1 янаври соли 2019 майдони умумии 37014 га, аз ҷумла дар ВМКБ майдони 133 га, дар вилояти Хатлон майдони 15020 га, дар вилояти Суғд майдони 21518 га ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 343 га ва масоҳати заминҳое, ки хатари ба гурӯҳи ғайриқаноатбахши мелиоративӣ шуданашон аз эҳтимол дур нест, 2768 га, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2768 га ва дар маҷмӯъ масоҳати умумии беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ 48575 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ арзиши корҳо барои солҳои 2019-2023 маблағи умумии 51 102,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ВМКБ 420 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Хатлон 22235,6 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд 25342 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 3105 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.        

Кумитаи давлатӣ дар ин самт ҳар сол баъди гузаронидани ченаки назоратии кишти зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳолати истифода ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

         Маълум аст, ки масъалаи муҳофизат ва ҳифзи замин аз иҷроиши талаботҳои моддаҳои 34 ва 36-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ворид кардани пули пардохти замин ва истифодаи маблағи пардохти замин вобастагӣ дорад, ки нисбати он дар аксари шаҳру ноҳияҳо диққати ҷиддӣ дода намешавад. Аз ин ҷост, ки ҳамасола на танҳо майдони   заминҳои таназзулёфта, балки заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда низ ба назар мерасад.

           Бинобар ин ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои болозикр, барои боз ҳам пурзур намудани назорати давлатӣ ва ҳифзи замин, Кумитаи давлатӣ нисбати ҳолати мелиоративии заминҳо талаботҳои моддаи 142 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин» ва моддаи 34 ва 36-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ворид кардани пули пардохти замин ва истифодаи маблағи пардохти замин вобастагӣ дорад, оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида, диққати ҷиддӣ дода истодааст.

         Умуман, натиҷаи таҳлилҳо собит месозанд, ки таъмини иҷрои барномаи қарори мазкур дар аксари шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ тибқи талаботҳо дуруст ба роҳ монда нашуда, боиси вайроншавӣ ва аз байн рафтани заминҳои пурқиммати корами обӣ гардидааст. Аз тарафи дигар, ин равандҳои манфӣ боиси камшавии майдони кишти ҷумҳурӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмӯъ коҳиши ёфтани буҷаи мамлакат гардида ва дар ниҳояти кор ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ бетаъсир намемонад.

Дар самти иҷозатномадиҳӣ, мутобиқи моддаи 21, боби 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаҳои 9, 17, 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият”ва боби 28-и “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият” дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади гирифтани Иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти топографӣ, геодезӣ, харитасозӣ, инчунин Иҷозати истифодаи асбобҳои мавқеъмуайянкунии радифии GPS-қабулкунакҳо аз тарафи довталабон ба Кумитаи давлатӣ 7 ариза барои фаъолияти топографӣ-геодезӣ ва барои Иҷозати истифодаи асбобҳои мавқеъмуайянкунии радифии GPS-қабулкунакҳо 3 ариза ворид шудааст, ки ба онҳо 6 Иҷозатнома ва 3 Иҷозат дода шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ, ин гузаронидани корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохӯриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи комиссияҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои наздисарҳадӣ гузаронида шуд, ки саҳми мутахассисони Кумитаи давлатӣ дар ин вохӯриҳо калон мебошад. Аз натиҷаи ин вохӯриҳо бо тариқи расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарони ҳайатҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ маълумотҳои мушаххас пешниҳод карда шудааст.

Кумитаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо дигар давлатҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.  

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2018, №115574 (29-9) оид ба нусхаи Ёддошти Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе, дар доираи Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон ITEC 5 нафар мутахассисони Кумитаи давлатӣ барои идомаи таҳсил дар Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуданд.

         Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи заминсозӣ. муносибатҳо оид ба замин, кадастр, геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии Замин бо тағйиру иловаҳои ҷониби Озарбойҷон дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.                          

Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ санаи 13 марти соли 2019 бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнат Гоҳош баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба замин, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи заминсозӣ, геодезия, харитасозӣ, коркарди аксҳои кайҳонии дақиқнокиашон баланд, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзии мутахассисон баррасӣ гардиданд.

         Инчунин, санаи 19.03.2019 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо намояндагони ширкати Аэро Асахи Корпорейшни Япония Атсуши Окуизми баргузор гардид, ки вохӯрӣ пешниҳоди маълумот оид ба корҳои иҷрошудаи лоиҳаи “Инфрасохтори маълумотҳои фосилавӣ дар минтақаи ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон”   дар асоси харитаҳои топографии кушодаи системаи координатии WGS – 84 ва дар оянда масъалагузорӣ кардани пешрафти лоиҳа мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

           Сметаи даромаду хароҷотии Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ дар соли 2019 ба маблағи 20 385 780 сомонӣ, ё ин ки нисбат ба нақшаи соли 2018 3 191 134 сомонӣ зиёд тартиб дода шуда, тақсимоти он дар Вазорати молия   ҳимоя карда шудааст.

         Сметаи даромаду хароҷотии дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои махсуси нақшавӣ барои соли 2019 ба маблағи 1 463 700 сомонӣ   пешниҳод гардида, тибқи фармоиши Вазорати молия барои истифодабарӣ иҷозат дода шуд, ки ин нисбат ба нақшаи воридоти маблағҳои махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ дар соли 2018 1 031 040 сомонӣ зиёд мебошад.

   Дар 3 моҳи соли 2019 аз тарафи Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1758 544 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки ин 46,8 %-и иҷрои нақшаи семоҳаро ташкил медиҳад. Дар ин давра дастгоҳи марказии Кумита ба маблағи 441 925 сомонӣ, ташкилотҳои тобеи Кумита 641 782 сомонӣ, хароҷотҳои амалиётӣ, (корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ ва аэрокайҳонӣ) 674 837 сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

       Дар давраи ҳисоботи   аз ҳисоби воридоти маблағи ҷаримаҳо, фурӯши харитаҳо ва аз ҳисоби маблағҳои воридгардида аз кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамъ ба маблағи 237 762 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 129 990 сомонӣ зиёд буда, аз маблағҳои воридшуда 103 171 сомонӣ хароҷот карда шудааст.

       Бақияи маблағ дар суратҳисоби махсуси дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2019   910 487 сомониро ташкил   медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018   490 913 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумитаи давлатӣ барои баррасӣ як қатор ҳуҷҷатҳо ворид гардидаанд, аз онҳо:

-ҳуҷҷатҳои воридотӣ-898 адад, аз он аз судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 адад, аз сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 110 адад, аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 7 адад, аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 адад, аз Вазорати корҳои дохилӣ 6 адад, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 54 адад, хулосаи вазорату идораҳо 373 адад ва боқимонда 280 адад аз корхонаҳову ташкилотҳо ворид гардидааст.

-ҳуҷҷатҳои дохилӣ аз кумитаҳои идораи замини маҳал, Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, корхонаҳову муассисаҳои тобеъи Кумитаи давлатӣ 173 ададро ташкил медиҳад.

-қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 42 адад, аз он Амр ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 адад ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 адад, маводҳо аз Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад ворид шудааст:

-супоришҳои хаттӣ ва протоколҳои маҷлисҳои назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 228 адад, аз он: 1 адад нақшаи чорабиниҳо оид ба мулоқот, вохӯрӣ ва ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 адад, супоришҳои протоколии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ 3 адад, боқимонда 192 супоришҳои хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ мебошад.

- дар давраи ҳисоботӣ 73 адад барқия ворид гардидааст, ки аз он 6 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 67 адад аз ҷониби вазорату идораҳо мебошад.

- 8 адад маводҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили иловагӣ бозпас гардонида шудаанд.

Дар ин давра 905-адад ҳуҷҷатҳои содиротӣ, ки аз он: ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 150-адад ва боқимонда 755-адад ба вазорату идораҳо ва муроҷиаткунандагон ирсол карда шудааст.

         Ҳамчунин, дар рӯзҳои шанбе ва чоршанбе аз тарафи Раиси Кумитаи давлатӣ 43 нафар шаҳрвандон қабул ва муроҷиатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ба 38 нафар ҷавоби мушаххас дода шуда, боқимонда муроҷиатҳо бо риояи муҳлат дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд, аз ҷумла:

Тибқи шартномаҳо дар соли 2019 бо Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри замин аз ҳисоби мабалағгузории буҷети давлатӣ маблағи умумии 3450000 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз” якҷоя бо корхонаи тобеъи “Суғдзаминсоз” корҳои заминсозӣ ва кадастри заминро дар семоҳаи аввали соли ҳисоботӣ ба маблағи 655000 сомонӣ иҷро намудааст. Инчунин, ба маблағи 995178 сомонӣ корҳои шартномавиро ба иҷро расонидаанд. Ҳамагӣ, аз рӯи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 1650178 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

         Институти лоиҳакашию татқиқотии “Фазо” дар соли 2019 барои иҷрои корҳои заминсозӣ ва кадастри давлатии замин аз ҳисоби буҷети давлати маблағи 2 530 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 Институти лоиҳакашию татқиқотии “Фазо” ба маблағи 480 000 сомонӣ корҳои заминсозӣ ва кадастраро ба иҷро расонид, ки ин 100%-и нақшаи семоҳаро ташкил медиҳад.

Институт дар семоҳаи аввал, ғайр аз корҳои нақшавии Кумитаи давлатӣ тибқи шартномаҳои тарафайн бо дигар корхонаю ташкилотҳо корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозиро ба иҷро расонида истодааст. Корҳои шартномавӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ба маблағи 88465 сомонӣ иҷро гардидааст. Ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 568465 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 барои иҷрои корҳои топографӣ- геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ба ҳисоби умумӣ 500000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 500000 сомонӣ иҷро шудааст, ки 100 % - и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад;

КВДА Душанбе                              -190000 сомонӣ;

КВДА Суғд                                    -80000   сомонӣ;

КВДА Хатлон                                -38000 сомонӣ

КВДА Бадахшон                           -40000 сомонӣ;

КВД «Фабрикаи харитасозӣ»     -152000 сомонӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе ба маблағи 115280 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ба маблағи 165278 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Хатлон ба маблағи 36020 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» ба маблағи 109947 сомонӣ дар асоси шартномаи дуҷониба корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ иҷро гардидааст. Ҳамагӣ, ба маблағи 426525 сомонӣ корҳои шартномавӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2018 ба маблағи 382340 сомонӣ зиёд мебошад.

Умуман, аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва “Фабрикаи харитасозӣ” дар семоҳаи аввали соли 2019 корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 926525 сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” дар семоҳаи аввали соли 2019 як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои бақайдгирӣ 18486 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (ВМКБ – 226; вилояти Суғд – 7287; вилояти Хатлон – 5979; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4994), аз он 2136 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (ВМКБ – 20; вилояти Суғд – 1063; вилояти Хатлон – 683; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 370), 101 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасон (вилояти Суғд – 39; вилояти Хатлон – 33; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 29), 14118 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (ВМКБ – 155; вилояти Суғд – 5034; вилояти Хатлон – 4815; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4114), 330 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ   (ВМКБ – 1, вилояти Суғд – 200; вилояти Хатлон – 40; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 89), 1801 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар (ВМКБ – 50; вилояти Суғд – 951; вилояти Хатлон – 408; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 392 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар ҳамин давра 9434 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (аз ҷумла ҷудогона) ва иншоот (ВМКБ –218; вилояти Суғд – 2934; вилояти Хатлон – 2011; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4271) адад ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Инчунин, нисбати 991 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул амалиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода шуд (ВМКБ – 49; вилояти Суғд – 465; вилояти Хатлон – 127; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 350).

Аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 11915 адад иттилоот дода шудааст (ВМКБ – 94; вилояти Суғд – 5210; вилояти Хатлон – 1809; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4802).

Дар асоси моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» амалиёти бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин ва иншооти 4 адад объектҳои таъиноти махсус анҷом дода шуда, бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таьмин гардиданд.

Дар ҳамин давра, аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои баруйхатгирии техникӣ гузаронида шуда, 18722 адад шиносномаҳои техникӣ омода гардидаанд, аз он 9774 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (ВМКБ – 164; вилояти Суғд – 1829; вилояти Хатлон – 2642; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 5140) ва 5870 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ (ВМКБ – 24; вилояти Суғд – 2056; вилояти Хатлон – 865; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2924). Инчунин 3078 адад дигар намуди корҳо (ВМКБ – 25; вилояти Суғд – 1077; вилояти Хатлон – 36; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1940) ба иҷро расонида шуд.

Бо мақсади ташкил намудани «Бойгонии электронӣ» дар бойгонии марказии Корхона ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ раванди ба ҳомилҳои электронӣ табдил додани ҳуҷҷатҳо (сканеркунонӣ) амалӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳои корхонаҳои ҷумҳурӣ маҳфузбуда, 81 % сканер кунонида шуданд, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 92 %, Хатлон – 77 %, НТҶ – 72 % ва ВМКБ – 83 % мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Корхона 11 адад парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардидааст. Аз онҳо, 2 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 9 адад парвандаҳои заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи техникӣ бозпас гардонида шудааст. Дар ин раванд 4 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мувофиқакунонӣ қарор дошта, 2 адад парванда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тасвиб расонидани лоиҳаи қарор пешниҳод гардидааст.

Айни замон, бо назардошти парвандаҳои заминсозии солҳои пешин воридшуда, 57 адад парвандаҳои заминсозӣ (аз он 35 адад дар давоми соли 2018) дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

       Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории амалкунандаи соҳаи бақайдгирии давлатӣ ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Кумитаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин таҳия карда шуданд:

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.19, №23.1-104/436 пешниҳод гардидааст, баррасӣ гардида, аз 06.02.19 таклиф пешниҳод карда шуд;

- ба мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.19, №25233(23-3) «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» баррасӣ гардида, нисбати лоиҳа аз 07.03.19, №2/5-124(6) хулоса пешниҳод гардид;

- ба мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.19, №2387(21) оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои хатмӣ ба буҷет» баррасӣ гардида, аз 07.03.19, №2/22-737(9.35) тағйиру иловаҳо пешниҳод гардиданд;

- бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии қонунгузории бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, инчунин аз байн бурдани мухолифатҳо ва мутобиқ намудани боби 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои хатмӣ ба буҷет» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва ба замимаи 19 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд;

- лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ворид намудани маълумот оид ба ҳабси молу мулки ғайриманқул ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия гардида, аз 22.02.19 барои мувофиқа ба Вазорати адлия пешниҳод гардид;

- лоиҳаи “Тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул берун аз бинои бақайдгирии давлатӣ” таҳия гардида, ба баррасии Шӯрои илмӣ-техникии Кумитаи давлатӣ пешниҳод карда шуд;

- намунаҳои парвандаҳои заминсозӣ дар 4 намуд барои вобаста намудани қитъаҳои замини бинои хусусигардонидашуда, наздиҳавлигӣ, оид ба додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва барои сохтмон дар таҳрири нав бо назардошти содда кардани номгуи ҳуҷҷатҳо таҳия гардид.     

   Барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) аз моҳи апрели соли 2018 мавриди истифода қарор дорад. Айни замон дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ (Суғд-17, Хатлон-25, НТҶ-14, ВМКБ-6) барнома дар реҷаи кории “асосӣ”мавриди истифода қарор дода шуда, амалиёти бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 6 корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба реҷаи кории “асосӣ”-и барнома пайваст гардиданд.

   Ҳамарӯза масъалаҳои рӯзмарра оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, ки аз тарафи истифодабарандагони барнома пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд. Қайд намудан зарур аст, ки бо амалӣ гардидани барномаи САБТ теъдоди камбудию хатогиҳо дар раванди анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он кам гардиданд.

Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф, бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар сохтмони гулгашт дар хиёбони Н. Қарабоев, корҳои омодагиро оғоз намуда истодааст.

Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ бахшида ба пешвози таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 утоқҳои кориро, ки ҳаҷми зиёда аз 900 м2 ташкил медиҳад, рангубор карда, саҳмгузорӣ намуданд. Дар шаҳру ноҳияҳо бошад, дар маъракаи таҷлили идҳои умумимиллӣ, корҳои бунёдкорию ободонӣ, тозаю покиза намудани атрофи корхонаҳо ва маҳаллаю шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда, муташаккилона ширкат менамоянд. Дар умум, ба маблағи 252081 сомонӣ корҳои ободонӣ ба иҷро расидаанд.

Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич, Турсунзода, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ваҳдат ва Кӯлоб идома дошта, дар муҳлатҳои муайяншуда, ба сомон расонида мешаванд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1269115 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, аз он сохтмони асосӣ – маблағи 1003024 сомонӣ (Зафаробод-37000, Хуҷанд-65013, Кушониён-104000 Ҷомӣ-103011, Кулоб-258000, Ҳисор- 3600, Ваҳдат-200000) ва таъмири ҷорӣ – 266091 сомонӣ (Деваштич-150000, Исфара-7000, Зафаробод-3941, Бохтар-3034, Балхӣ-2100, Шаҳритуз-5880, Хуросон-17840, Норак-4000, Муъминобод-52000, Душанбе-3025, Рудакӣ-12950 ва Файзобод-3462 сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29декабри соли 2017, № АП-983 бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон, Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ саҳми худро гузоштанд. Дар ин давра, ба шахсони мазкур, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи таҷлили идҳои умумимиллӣ кӯмак ва ёрии хайрхоҳона дар намуди маҳсулоти ғизоӣ ба маблағи умумии 129766 сомонӣ расонида шуд. Инчунин, дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав тибқи дархост ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ кӯмаки хайриявӣ расонид.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми имкониятҳоро баҳри иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт ташкилу сафарбар хоҳад кард.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/