31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохурии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо Сафири Фавқулодда

ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


шаҳри Душанбе, 13.03.2019

          13 марти соли 2019 дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнат Гҳош баргузор гардид.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкории байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дар соҳаи заминсозӣ, геодезия, харитасозӣ, коркарди аксҳои кайҳонии дақиқнокиашон баланд, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзии мутахассисон баён доштанд.

        Дар охир ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба замин ва дигар масъалаҳои соҳавӣ даъват ба амал оварданд.

IMG 7704

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/