Чорабинии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба истифода додани агрегати якумиНеругоҳи барқии обии “Роғун”
ва 26 –умин солгарди Иҷлосияи тақдирсозӣ ХYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2018, шаҳри Душанбе
Санаи 16 ноябри соли 2018 дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии “Роғун”, ва 26 –умин солгарди Иҷлосияи тақдирсозӣ ХYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ, корхонаҳову муассисаҳои тобеъи Кумитаи давлатӣ доир гардид.
Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандонро ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, ҳамзамон қайд намудаанд, ки мардуми кишвари мо Рӯзи Президентро бо самимият ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи волояти қонун ва демократияи ҳақиқи ҷомеа пешвоз гирифта, шакли идоракунии Президентиро ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста медонанд. Имрӯз арҷгузорӣ ба Президент ҳамчун Сарвари сиёсӣ, ташаббускори созандаю бунёдкор ва қосиди сулҳ эҳтироми самимиест, ки шаҳрвандони кишварамон шукргузории худро дар ин рӯз ба Пешвои муаззам самимона изҳор менамоянд.
Инак, рӯзи расидан ба ормонҳои миллӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-истиқлолияти комили энергетикӣ фаро мерасад. 16 ноябри соли равон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуда, барои нурафшон шудани Тоҷикистони хуршедӣ заминаи боз ҳам устувор гузошта мешавад.
Аз рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ ХYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аҳамият он сол ба сол бузургтару шукуҳмантар мегардад. Иҷлосияи ХYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи ХYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он мебошад, ки шахси ҷасур, сарсупурдаи миллат, мушкилкушои халқ, матиниродаю мушкилнописанд, сулҳу ваҳдатофар, созандаву бунёдкор ва хоксору мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбари овард.
Дар охир Роҳбарияти Кумитаи давлатӣ, иброз намуданд, ки мафкураи ягонаи миллии мо-ҳифзи истиқлолияту нангу номуси миллӣ, ваҳдату сулҳофарӣ ва созандагию таъмини зиндагии шоиста ба аҳоли бошад. Ҳифзи нангу номуси миллӣ, ҳифзи миллат, забон, мазҳаб, фарҳанг, иқтисод, муқаддасот, Пешвои миллат ва амнияти миллат мебошад. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо –сулҳу субот ва дастовардҳои сиёсию иҷтимоии давлат бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо намоем.
Бахши Котибот