Ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид.
05.11.2018, шаҳри Душанбе
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони маҷлисҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита ва сардорони шуъбаҳо, инчунин меҳмонон-Ҷумъа Давлатов директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ширкат варзида, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва ашъори ватандӯстона хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми қонунгузорӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо инобати тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сохти демократии давлат аз нав таҳия ва қабул гардид, ки ин падида дар маҷмуъ зиндагии шоистаро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсоз ба шумор рафта аз Истиқлолияти воқеӣ ва ваҳдати ҷовидона дар Тоҷикистон башорат медиҳад.