Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти
Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2018 доир гардид
11.10.2018, шаҳри Душанбе
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи давлатӣ Ҳакимзода Қурбон, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони Раёсатҳо, сардорони шуъба ва бахшҳо инчунин дигар зерсохторҳои Кумитаи давлатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, дар соли 2018 ба роҳ монда, дар ин замина як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Хотиррасон карда шуд, ки дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад дар миқёси ҷумҳурӣ бомуваффақият идома дода шуд. Инчунин баҳри иҷрои банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018 №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018”, соли ҷорӣ дар майдони 2182 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуда, аз майдони умумӣ 641 гектар дар заминҳои корам, 134 гектар дар заминҳои партов, 1254 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 153 гектар дар дигар заминҳо боғҳо бунёд карда шуданд, ки ин нишондод дар ВМКБ дар майдони 64 гектар, дар вилояти Хатлон дар майдони 693 гектар, дар вилояти Суғд дар майдони 521 гектар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 905 гектарро ташкил дод.
Инчунин дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои зиёди дигар вобаста ба фаъолияти соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд, ки ҳалли суръатноки он метавонад дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми хеле назаррасе гузорад.