Барои фаъолияти назаррасу арзанда
30 августи соли 2018, шаҳри Душанбе
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Дар баробари намояндагони дигар бахшҳо бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Абдуҳафиз Одиназода Медали “Хизмати шоиста” супориданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид. Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари намояндагони соҳаҳои дигар бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Ифтихор Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.