ОБОДКОРИҲО ДАР КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
13.09.2018, ноҳияи Рушон
Аз соли 2000 то инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, заминсозӣ ва кадастри замин, корҳои топографӣ – геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ ба андозаи 4 млн. 582 ҳазору 826 сомонӣ иҷро ва маблағгузорӣ карда шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби фаъолият барои кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рушон Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ ва саҳмгузории кормандон дар ҳаҷми 340 ҳазор сомонӣ бинои маъмуриро дар ноҳия бо пуррагӣ азнавсозӣ намуд.
Дар маросими кушодашавии бинои мазкур муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси Кумитаи давлатӣ Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумитаи давлатӣ дар баромади худ қайд намуд, ки дар ду соли охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароити кору фаъолияти кормандон аз тарафи Кумитаи давлатӣ ва сохторҳои он дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръӣ бинои маъмурӣ ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд, ки дар бинои мазкур, Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кумитаи идораи замини шаҳри Хоруғ, намояндагии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон ҷойгир карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷиҳати азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳо дар манотиқи дурдасти кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшони ВМКБ Кумитаи давлатӣ вазифадор шудааст, ки барои обёрӣ намудан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, дар ин замина бунёди боғҳоро ба анҷом расонида, як қисми дигари корҳоро ба воситаи ҳашар иҷро намояд.
Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав дар майдони 22 гектар, дар ноҳияи Ванҷ бо гузаронидани хати обрасон аз масофаи 1600 метр ба маблағи 216,3 ҳазор сомонӣ, обёрӣ намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Шуғнон, дар майдони 30 гектар бунёди боғ бо гузаронидани хати обрасон аз масофаи 1800 метр ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст, ки дар натиҷа 52 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Ҳамзамон барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бо роҳи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Рӯшон дар майдони 200 гектар ба маблағи 127,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои аз пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридгардида равона шуда, корҳо дар ин мазеъ идома дорад.