ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
06.09.2018, шаҳри Душанбе
Зимни баргузории ҷамъомади тантанавӣ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар корхонаву ташкилот аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиставу бошукӯҳ истиқбол намуданд. Зимни баромади раиси Кумитаи давлатӣ Қурбон Ҳакмизода зикр шуд, ки Истиқлолият аз ҷумлаи арзишмандтарин дастовардҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳисоб меравад, ки он озодиву ободӣ ва шароити арзандаи кору фаъолиятро барои сокинони шарафманди кишвар фароҳам намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир иштирок намуда, Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа расонид. Дар идомаи чорабинӣ бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 44 нафар кормандони фаъол барои хизматҳои бисёрсолаву арзанда дар пешрафти соҳа ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома супорида шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков, ки саропо васфи Тоҷикистону дастовардҳои даврони Истиқлолият буд, ба шаҳомати тантанаҳои идона шукӯҳи тоза бахшид.