Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, бо Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии
Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев баргузор гардид
Санаи 03 августи соли 2018 дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи заминсозӣ, хокшиносӣ, геоботаника, мониторинги ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, тағйирёбии иқлим, коркарди аксҳои кайҳонии дақиқнокиашон баланд, назорати ҳаррӯзаи заминҳо тариқи аксҳои кайҳонӣ, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба замин ва дигар масъалаҳои соҳавӣ изҳори ақида намуданд.