No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси навбатии Шӯрои 

Байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи

фосилавии замин интихоб гардид

 16 августи соли 2018, шаҳри Тошканд

5b73c2edd38e4


Аз 14 то 16 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд иҷлосияи 40-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин баргузор
гардид.

Иҷлосияро маърӯзаи табрикотӣ ва ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агыбай Самагулов ҳусни оғоз бахшид. 

Дар рафти иҷлосия барои корҳои фаъолона ва саҳми намоён гузоштан дар рушди ҳамкориҳои тарафайн, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдушукур Абдуллоев, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, сардори Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Виктория Абрамченко, сардори шуъбаи рушди ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалии Раёсати корҳо ва хариди давлатии Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Олга Вороненко бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ сарфароз гардонида шуданд.
Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, чорабиниҳо оид ба амалисозии Лоиҳаи пилотӣ доир ба маълумотҳои маконӣ ва вазифаҳои татбиқшуда дар доираи Гурӯҳи корӣ оид ба низоми моҳворавӣ ва фосилавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар рафти иҷлосия масъалаҳо оид ба актуаликунонии бюлетени Электронии тағйироти номҳои ҷуғрофии давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Луғати вожаҳои замонавӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, низоми иттилоотӣ, ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин» дида баромада шуд.
Инчунин натиҷаи корҳои ташкили бунёдии ИДМ ва Донишгоҳи давлатии геодезия ва харитасозии Москва (аз он ҷумла, дар самти истифодабарии технологияҳои фосилавӣ барои баланд бардоштани тахассус ва аз нав омодасозии мутахассисон - иштирокчиёни давлатҳои ИДМ) ва фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар самти идораи иттилоотӣ, ҷуғрофӣ - маконӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
5b73c13db9d6bСанаи 16 - уми август, ки кори иҷлосия идома меёфт, аз ҷониби сардори Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Виктория Абрамченко пешниҳод гардид, ки омодасозии низоми мутахассисони касбӣ дар заминаи макотиби олии Федератсияи Россия амалӣ карда шавад. Зеро шумораи чунин макотиби таълимии соҳавӣ он қадар зиёд нест ва чунин муссисаҳои таълимии бунёдӣ бештар дар миқёси Россия фаъолият менамоянд. Масъалаи калидии дигар, ин ҷудо намудани квотаҳо барои омӯзиш мебошад. Иштирокчиён қайд намуданд, ки синни миёнаи харитасозон ва геодезистон 50-солро ташкил менамояд ва норасоии мутахассисон дар соҳа ба назар мерасад.
Зикр шуд, ки ҳамкории тарафайн оид ба таҳияи меъёрҳои фаъолият, рушди назарраси симметрӣ ва банизомдарории хизматрасонии соҳавиро дар самти геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатҳои ИДМ таъмин менамояд.
Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ, оид ба шароитҳои беҳтарини инноватсионӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми мушоҳидаи фосилавии замин ва масоили мухталифи муҳими соҳа миёни худ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин ба вазифаи Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии замин, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барои муҳлати навбатӣ интихоб гардид.
Қарор қабул карда шуд, ки иҷлосияи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми фосилавии замин соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

«Сарзамин»

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/