No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАБАХШИ ЗАМИН

10.07.2018, шаҳри Душанбе

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 июли соли 2018 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ бо иштироки кормандони сохтори Кумитаи давлатӣ баргузор гардид.

         Тибқи ҳисобот кормандони соҳа дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ корҳои муҳимро ба сомон расониданд. 

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дода шуд.

Баҳри иҷрои банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018 №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” соли ҷорӣ дар майдони 2182 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст. Аз майдони умумӣ 641 гектар дар заминҳои корам, 134 гектар дар заминҳои партов, 1254 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 153 гектар дар дигар заминҳо боғҳо бунёд дигар заминҳо) шудаанд.

Тибқи нақшаи корӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии майдони кишти пахта, картошка ва заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берун мондаро гузаронид, ки натиҷааш чунин мебошад:

Дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.

Аз майдони умумии 184506 гектар кишти пахта 182350 гектари он дар заминҳои корам, 561 гектар дар заминҳои партов, 1317 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 297 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

Дар вилояти Суғд 57350 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (57000 гектар) 350 гектар зиёд ва нисбат ба маълумоти оморӣ (57371 гектар) 21 гектар кам мебошад. Аз ин майдони 56091 гектар дар заминҳои корам, 85 гектар дар заминҳои партов, 1105 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 40 гектар дар заминҳои чарогоҳ ва 29 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Дар вилояти Хатлон 121197 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (122000 гектар) 803 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (122404 гектар) 1207 гектар кам мебошад. Аз ин 120291 гектар дар заминҳои корам, 476 гектар дар заминҳои партов, 170 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 40 гектар дар заминҳои чарогоҳ ва 220 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 5959 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (8500 гектар) 2541 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (6367 гектар) 408 гектар кам мебошад. Аз онҳо 5968 гектар дар заминҳои корам, 42 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 48 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони 31172 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (33490 гектар) 2318 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ 1381 гектар кам кишт карда шудааст. Аз майдони умумӣ   29580 гектар дар заминҳои корам, 741 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 707 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 145 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ дар майдони 1899 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (3000 гектар) 1101 гектар кам буда, 63 %-и нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати ҳисоботи оморӣ бошад (2083 гектар) 184 гектар кам мебошад.

Дар вилояти Суғд дар майдони 13781 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (14550 гектар) 769 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (13781гектар) 924 гектар кам мебошад. Аз ин 13166 гектар дар заминҳои корам, 69 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 474 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 72 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

Дар вилояти Хатлон дар майдони 6397 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (6800 гектар) 403 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (6625 гектар) 228 гектар кам мебошад. Аз ин 6229 гектар дар заминҳои корам, 50 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 57 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 62 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар майдони 9095 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (9140 гектар) ва ҳисоботи оморӣ 45 гектар кам мебошад. Аз ин 8286 гектар дар заминҳои корам, 622 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 176 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 11 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам шудаанд. Ин заминҳо бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 845 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 3032 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 871 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар, набудани об барои обёрӣ 2319 гектар, зери сохтмонҳо бе асос гузаштан 781 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1725 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар обӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил медиҳад.

Заминҳои холимонда гарчанде дар миқёси ҷумҳурӣ нисбати соли гузашта кам шуда бошанд ҳам, дар ВМКБ 192 гектар обӣ (соли 2017 набуд) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 145 гектар аз он обӣ 103 гектар заминҳои холимонда зиёд шудаанд.

Аз майдони умумии заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда майдони 3032 гектар ё 37% бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо ва 2319 гектар ё 29% бо сабаби набудани об барои обёрӣ истифода нашудаанд. Майдони 871 гектар (11%) заминҳои корам дар натиҷаи селҳо шуста нобуд шудаанд. Дар майдони 856 гектар (11%) заминҳо сохтмонҳо бунёд гардида, дар мувозина ҳамчун заминҳои корам боқӣ мондаанд.

Нақшаи чорабинҳо оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обие, ки дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов дар соли 2018 тартиб дода шуд, ки тибқи он:

-дар вилояти Хатлон майдони 4255 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1070 гектар, дар соли 2019 -1269 гектар ва дар соли 2020 -1328 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 588 гектар бо сабабҳои селоб ва шустани дарёҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.

-дар вилояти Суғд майдони 3706 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1304 гектар, дар соли 2019- 1214 гектар ва дар соли 2020 -1188 гектар ба нақша гирифта шудааст.

-дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ майдони 862 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -85 гектар ба нақша гирифта шудааст.

         Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/64-22 аз 04 сентябри соли 2017 ва банди 7-и Протоколи ҷаласа оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, корҳо ташкил карда шуда, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо мунтазам маълумотҳо дастрас карда шуда истодаанд.

Майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.18 ҳамагӣ 212211 гектар, аз он обӣ 107175 гектар, корам 121335 гектар, аз он обӣ 71643, дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 45998 гектар, аз он обӣ 34719 гектар, иморатҳо ва дигар заминҳо 38307 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59275 гектар, аз он обӣ 33057 гектарро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳо дастрасгардида, ба ҳолати 3 июли соли 2018 натиҷаи ченакҳои гузаронидашуда чунин мебошад:

- дар 890680 адад объекти заминистифодабарӣ ченак гузаронида шудааст;

-заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони 127983 гектар, аз он обӣ 71362 га;

-заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 34584 гектар, аз он обӣ 23410 гектар мебошад.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 - 2018 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон   ба мақомоти ичоияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30159 гектар ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ ба ҳолати 3 июли соли 2018 майдони 22227 гектар ба 192613 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда дода шудаанд, ки 74 % -ро ташкил медиҳад.

Дар самти назорат оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар нимсолаи аввали соли 2018 чунин корҳо анҷом дода шуданд.

Дар нимсоли 2018 дар ҷумҳурӣ 8133 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбати 8133 ҳолатҳо дастур, нисбати 6771 ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 2 633 465 сомонӣ ҷарима қабул карда шудааст, ки аз ин 2 189 051 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 553 мавод ба прокуратура, 257 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 5855 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Баҳри иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №24/10-400 аз 14.10.17 оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ноҳияи Рӯдакӣ 3 октябри соли 2017 баён намуда буданд, Ситод оид ба назорати истифодабарии самараноку оқилонаи заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва васеъшавии заминҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Аз ҷониби аъзоёни Ситод ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ   дар ҷамоати деҳоти Чортеппа, Саркиштӣ, Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал муайян карда шуда ба маблағи 15050 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатӣ санҷиши риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин аз тарафи заминистифодабарандагони ноҳияи Шаҳритуз, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд гузаронида шуд.

Дар рафти санҷишҳо дар ноҳияи Шаҳритуз 166 ҳолат, дар шаҳри Кӯлоб 136 ҳолат, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 62 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд.

Дар рафти санҷиш 34 адад қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба додани замин дар ноҳияи Шаҳритуз, 12 адад дар шаҳри Кулоб, 9 адад дар ноҳияи Ҷ.Расулов ошкор карда шуд, ки барои бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии ошкоркардашуда, ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур пешниҳод ирсол карда шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани ченаки назоратии майдони кишти зироатҳои пахта, картошка ва заминҳои холимонда 68 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор намуда, нисбати вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 69500 сомонӣ ҷаримабандӣ намуд, ки аз он 51900 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи давлатӣ ворид карда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси мактубҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 маротиба кормандони Кумитаи давлатӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Шаҳринав сафарбар карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо гузаронидашуда хулосаҳо пешниҳод гардидааст.

Тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши қитъаҳои замини ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда хулоса пешниҳод гардидааст.

Дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Дар доираи иҷроиши талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 1.07 соли 2018 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 183258 ададро ташкил дода, аз ин шумора 68406 адад дар вилояти Суғд, 66952 адад дар вилояти Хатлон, 16144 адад дар ВМБК ва 31756 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаш моҳи сипаригашта бошад, ҳамагӣ 4110 ададро ташкил дода, аз ин 1738 адад дар вилояти Суғд, 1451 адад дар вилояти Хатлон, 56 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 865 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 38093283 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашуда, дар ин давра ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 6 465 428 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ ин корҳои делимитатсия, демаркатсия, ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳали масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботи як қатор вохуриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад дар доираи Комиссияҳои ҳукуматӣ оиди делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсия ва дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оиди ҳаллӣ масъалаҳои наздисарҳадӣ гузаронда шуд. Аз натиҷаи ин вохуриҳо бо тариқи расми ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ маълумотҳои мушаххас сари вақт пешниҳод карда шудааст. Дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳднома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид.

Кумитаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастра ва бақайдгирии амволи ғайри манқул бо дигар давлатҳо Ёддошти тафоҳум “Оид ба якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Росреести Федератсияи Россия, Созишнома “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастра ва бақайдгирии амволи ғайри манқул” байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сармоягузории Белоруссия, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастра ва бақайдгирии амволи ғайри манқул” ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон “Оид ба ҳамкориҳо дар самти геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ ва кадастра”-ро таҳия намудааст. Барои маълумот қайд намудан зарур мешуморем, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии муайянкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба бо дигар давлатҳо аз ин дутои аввал ба имзо расонида шуда, дутои охир дар сатҳи мувофиқаи ҷонибҳо қарор доданд.

Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатии ва ташкилоту муассисаҳо сохтмону азнавсозии гулгашти назди Хонаи Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомониро корҳоро ба маблағи 1900000 сомонӣ ба анҷом расонидааст.

Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ идома дошта дар муҳлатҳои муайяншуда ба сомон расонида мешавад. То ин давра ба маблағи 4535178 сомони корҳо ба иҷро расонида шудааст.

Инчунин барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом 45га, Зафаробод 20га, Фархор 350га, Ванҷ 22га, Шуғнон 30га ба маблағи 1914878 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз он ба маблағи 1257538 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла:

ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” корҳои заминсозиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 3006292 сомонӣ, ИЛТ «Фазо» бошад ҳамагӣ ба маблағи 1661113 сомонӣ корҳоро ба иҷро расониданд.

Аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва “Фабрикаи харитасозӣ” дар нимсолаи аавали соли 2018 корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 1417010 сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ 31266 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 4110 адад хоҷагии деҳқонӣ,174 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 23480 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 512 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 2990 адад зери сохтмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои тобеъ 33701 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таҳияи шиносномаҳои техникӣ ворид гардид, ки дар натиҷа 17213 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ ва 10772 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ ба иҷро расиданд.

Раванди иҷрои корҳо ҷиҳати мавриди истифода қарор додани барномаи электронии «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (САБТ) тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Барои амалӣ намудани барномаи мазкур дар 56 корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хати баландсуръати интиқолии VPN гузаронида шуда, алоқа бо сервери марказии Корхона барқарор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Барномаи электронии САБТ дар 12 корхонаҳои фаръии бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар НТҶ - Рӯдакӣ,Турсунзода, Душанбе, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат, вилояти Хатлон - Дӯстӣ, Норак ва вилояти Суғд- Хуҷанд, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров мавриди истифодаи кории асосӣ қарор дода шудааст.

Кормандони Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои тобеъ дар ҳашарҳои дастаҷамъона, ки дар маҳалҳо баҳри корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани атрофи корхонаҳо ва маҳалҳою шоҳроҳҳои ба онҳо вобасташуда гузаронида мешавад, муташаккилона ширкат намуда, ба маблағи 100 000 сомонӣ корҳоро ба анҷом расониданд ва дар оянда низ давом медиҳанд.

Кумитаи давлатӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон дар корҳои хайриявию кӯмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта истода, дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ, Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рамазон ва Ваҳдати миллӣ кӯмак ва ёрии хайрхоҳона маблағи зиёда аз 230000 сомонӣ расонид.

Дар арафаи Иди байналмиллалии Наврӯз корхонаҳои тобеъ аз оилаҳои ятиму бепарастор ва камбизоат бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар кӯдаконро тӯйи хатнасур гузарониданд.

Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-983 дар ҷашнгирии Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, арафаи Иди Рамазон, ҷашнгирии 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кудакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 20763 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.

Дар баробари корҳои иҷрогардида дар фаъолияти Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо камбудиҳо низ ҷой доштанд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои мушаххас андешида қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ қабул карда шуд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/