No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

06.07.2018, Қазоқистон

29364266438 2776026f10 o6 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

president.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/