Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи геодезия, харитасозӣ
ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул
31.05.2018, шаҳри Душанбе
Санаи 31.05.2018, дар доираи сафари расмии Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба якигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки худи ҳамин рӯз дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия- Абрамченко Виктория Валериевна бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- дастрас намудани аксҳои кайҳонии дақиқнокияшон баланд;
- омӯзонидани мутахассисони соҳаи геодезия, харитасозӣ ва бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар Федератсияи Россия;
- таъсис додани системаи ягонаи координатҳо;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи аэронавигатсионӣ, харитаҳои рақамӣ ва ғайра.
Дар охир тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои рушди соҳа ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Инчунин баъд аз анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз Осорхонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.