31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин

ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо

дар семоҳаи аввали соли 2018


13.04.2018, шаҳри Душанбе

                

Кумитаи давлатӣ ҳисоботро оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба гурӯҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 ҷамъбаст намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 №63 тасдиқ карда шуд.

         Дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ майдони 6397 гектар, аз он обӣ 5045 гектар заминҳо, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 1800 гектар, чарогоҳ 2696 гектар, дигар заминҳо 1901 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

         Кумитаи давлатӣ ченаки назоратии кишти зироатҳои кишоварзиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 25.02.18 дар маҳал гузаронид.

         Ченаки назоратӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ то 25.02.18 дар майдони умумии 149992 гектар кишт шудааст, ки нисбати дурнамои кишоварзӣ 38238 гектар зиёд мебошад, аз ҷумла:

         -ғалладонагиҳо дар майдони 130566 гектар, аз он обӣ 41198 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 35070 гектар, аз он обӣ 10233 гектар зиёд мебошад,

         -сабзавот дар майдони 11680 гектар, аз он обӣ 11680 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 92 гектар, аз он обӣ 92 гектар зиёд мебошад,

         -картошка дар майдони 4468 гектар, аз он обӣ 4400 гектар, нисбат ба дурнамои кишоварзӣ 201 гектар, аз он обӣ 270 гектар кам мебошад.

Бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/64-22 аз 4 сентябри соли 2017 ва банди 7-и Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ, ҷиҳати дастрас намудани маълумотҳои дақиқ оид ба заминҳои корами дар истифодаи аҳолӣ қарордошта, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо маълумотҳо дастрас карда шуд.

Майдони заминҳои корами маҳалҳои аҳолинишин дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.01.18 ҳамагӣ 212211 гектар, аз он обӣ 107175 гектар, корам 121335 гектар, аз он обӣ 71643, дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 45998 гектар, аз он обӣ 34719 гектар, иморатҳо ва дигар заминҳо 38307 гектар ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ (Президентӣ) майдони 59275 гектар, аз он обӣ 33057 гектарро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо дастрасгардида, ба ҳолати 1 апрели соли 2018 натиҷаи ченакҳои гузаронидашуда чунин мебошад:             -шумораи заминистифодабарандагон 233610 адад;

-заминҳои наздиҳавлигӣ 33033 гектар, аз он обӣ 16864 гектар;

-замин корам 13722 гектар, аз он обӣ 8543 гектар:

-дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда 8614 гектар, аз он обӣ 6902 гектар;

-зери иморатҳо ва дигар заминҳо 8764 гектар;

-заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 8292 гектар, аз он обӣ 4252 гектар.

Дар ин самт корҳо давом доранд.

Кумитаи давлатӣ нақшаи чорабинҳоро оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обие, ки дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ва заминҳои партов барои солҳои 2018-2020 тартиб дод, аз ҷумла:

-дар вилояти Хатлон аз майдони 4255 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1070 гектар, дар соли 2019 -1269 гектар ва дар соли 2020 -1328 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 588 гектар бо сабабҳои селоб ва шустани дарё ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.

-дар вилояти Суғд аз майдони 3706 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -1304 гектар, дар соли 2019- 1214 гектар ва дар соли 2020 -1188 гектар ба нақша гирифта шудааст.

-дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ аз майдони 862 гектар заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар соли 2018 -85 гектар ба нақша гирифта шудааст. Майдони 777 гектар бо сабабҳои дар шаҳру ноҳияҳои Роғун 4 гектар зери карер, Рўдакӣ 685 гектар зери сохтмонҳо, Нуробод 82 гектар зери роҳҳои чорвогузар ва Рашт 6 гектар селоб ва шустани дарё ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ғайримкон мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 заминҳои партов майдони умумии 28570 гектар, аз он обӣ 23488 гектарро ташкил дода, дар соли 2018 ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдони 2290 гектар, аз он обӣ 2068 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати воқеъии истифодабарии заминҳои фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Мастчоҳи вилояти Суғд, Шаҳритузи вилояти Хатлон ва Файзобод таҳти санҷиш қарор дода шуд.

Санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои бойгонӣ нишон дод, ки аз майдони умумии 4464,61 гектар заминҳои фонди захиравӣ бо қарорҳои дахлдори Раиси ноҳияи Мастчоҳ бе қарори дахлдори Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон майдони 49,0 гектар барои бунёди Боғи Миллӣ ҷудо карда шуда, дар майдони 150,75 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ (бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ) таъсис дода шудааст. Инчунин майдони 463,12 гектар ба фонди махсуси ноҳия гузаронида шудааст.

Заминҳои фонди захиравӣ дар майдони 3801 гектар боқӣ мондааст.

Дар асоси қарорҳои раиси ноҳияи Шаҳритуз корхонаҳои кишоварзӣ таҳти ислоҳот қарор дода шуда, дар заминаи онҳо хоҷагиҳои деҳқонии колективӣ ва баъдан саҳмдорон дар асоси саҳмашон хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил намудаанд.

Дар рафти санҷиш як қатор ҳолатҳои хилофи Қоидаҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ амал намудани масъулин ошкор карда шуд.

Дар ноҳияи Файзобод таҳлилҳо нишон дод, ки аз майдони умумии 5354,88 га, аз он майдони 485,29 гектар тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди манзил, 296,53 гектар дар асоси қарорҳои раиси ноҳия ба Кумитаҳои маҳалла барои истифодаи бемуҳлат, 2181,63 гектар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба истифодаи якумраи меросӣ вобаста гардидааст. Дар фонди захиравии ноҳия майдони умумии 2391,43 гектар заминҳо боқӣ мондааст.

Айни замон инвентаризатсияи заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида кор дар ин самт идома дорад.

Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он дар семоҳаи аввали соли 2018 боз ҳам пурзўр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 3883 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбати 3883 ҳолатҳо дастур, нисбати 3323 ҳолатҳо протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 1235945 сомонӣ ҷарима қабул карда шудааст, ки аз ин 1053620 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 275 мавод ба прокуратура, 69 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 2530 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ба истифода додани бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ноҳияи Рўдакӣ 3 октябри соли 2017 баён намуда буданд, Ситод оид ба назорати истифодабарии самараноку оқилонаи заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ ва васеъшавии заминҳои шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Аз ҷониби аъзоёни Ситод ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ   дар ҷамоати деҳоти Чортеппа, Саркиштӣ, Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 46 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал муайян карда шуда ба маблағи 15050 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар самти риояи қонунгузории замин бо Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Рӯдакӣ, Варзоб санҷишҳо гузаронида хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Тибқи мактуби Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши ҳолати истифодабарии заминҳои вазорату идораҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб санҷиш намуда аз натиҷаи он хулосаҳо пешниҳод гардидаанд. Айни замон дар асоси мактубҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши риояи қонунгузории замин дар ноҳияҳои Панҷи вилояти Хатлон, Айнии вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.

Дар асоси мактубҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 маротиба кормандони Кумитаи давлатӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Шаҳринав сафарбар карда шуда, аз натиҷаи санҷишҳо гузаронидашуда хулосаҳо пешниҳод гардидааст.

Тибқи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши қитъаҳои замини ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда хулоса пешниҳод гардидааст.

Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши вазъи истифодабарии мақсадноки заминҳо дар хоҷагиҳои ёрирасони “Лучоб” ва “Зиғертӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Комплекси сайёҳии Варзоб” гузаронида шуда истодааст.

Кумитаи давлатӣ дар самти азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти замин низ як қатор корҳоро пеш бурда истодааст.

Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” ба ҳолати 01.04.18 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 181484 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 67732 адад дар вилояти Суғд, 66258 адад дар вилояти Хатлон, 16114 адад дар ВМБК ва 31380 адад дар ноҳияиҳои тобеъ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар се моҳи сипаригашта бошад, ҳамагӣ 2336 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 175 адад зиёд мебошад. Аз ин 2336 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ 1064 адад дар вилояти Суғд, 757 адад дар вилояти Хатлон, 26 адад дар ВМБК ва 489 адад дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия масъалаи мазкур ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд ва оид ба иҷроиши онҳо корҳои назоратӣ, пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда мешаванд. Бо мақсади пешгири намудани амалҳои коррупсионӣ бо ҳамаи раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои тобеъ Қарордод оид ба тақвияти муқовимат бо коррупсия баста шуд.

Таҳлили натиҷаи ҷамъбасти ҳолати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълум намуд, ки дар айни замон 379588484 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн карда нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи ҳисоботҳо ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳурӣ 2292514 сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид шудааст.

Барои ташкил намудани махзани маълумотҳо «Оид   ба таназзулёбии заминҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ» мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Таҳлилҳо дар ин самт нишон дод, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар ин муддат дар натиҷаи риоя нагардидани омилҳои болозикр заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 27165,3 га, аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои шўрнокияш паст 22382,6 га, заминҳои шўрнокияш миёна 5818,6 га ва заминҳои шўрнокияш баланд 577,0 га зиёд гардида, аз ҳисоби заминҳои ботлоқшуда дар майдони 1613,0 га кам гардидааст.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон бошад дар ин давра бо истифода аз маблағҳои ба ин самт ҷудогардида дар натиҷаи гузаронидани корҳои мелиоративӣ заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 23866,3 га, аз ҷумла, заминҳои   шурнокияш паст 22369,0 га, заминҳои шурнокияш баланд 1309,0 га,заминҳои ботлоқшуда 1321,0 га, заминҳои аз фарсоиш (эрозия)-и бодӣ вайроншуда 13,0га ва заминҳои биёбоншуда 1254,0 га кам гардидааст. Ин тағйирот асосан дар ноҳияҳои Хуросон, А.Ҷомӣ, Дўстӣ, Вахш, Бохтар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Данғара, Темурмалик, Н.Хисрав, Шаҳритус, Панҷ, Ҷ.Балхӣ ва Қубодиён ба амал омадааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин муддат заминҳои таназзулёфта дар майдони умумии 245,8 га, аз ҷумла, заминҳои шўрнокияш паст 74,9 га, ва аз фарсоиши (эрозияи) обӣ вайроншуда 322 га кам гардида, заминҳои шурнокияш баланд 1,3 га, заминҳои ботлоқшуда 3,7га, аз фарсоиши (эрозияи) бодӣ вайроншуда 72,7 га ва биёбоншуда 73,0 гектар зиёд гардидааст.

Кумитаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 №74-ф бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар радифи корҳои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмону азнавсозии гулгашти назди Хонаи Иттифоқи нависандагон, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомониро оғоз намуда, корҳо дар ин самт мувофиқи нақша идома дорад.

Айни замон, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти корӣ сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Турсунзода, Данғара, А.Ҷомӣ ва Восеъ идома дошта дар муҳлатҳои муайяншуда ба сомон расонида мешавад.

Дар ин давра муассиса ва корхонаҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ мувофиқи нақшаи кории худ амал намуда, як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Аз ҷумла:

ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” якҷоя бо корхонаи тобеъи “Суғдзаминсоз” корҳои заминсозиро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 621000 сомонӣ иҷро намудааст. Инчунин ба маблағи 658974 сомонӣ корҳои шартномавиро ба иҷро расонидаанд. Ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 1279974 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

ИТЛ “Фазо” корҳои заминсозиро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 455000 сомонӣ иҷро намуд. Корҳои шартномавӣ ба маблағи 263026 сомониро ташкил намуд. ИЛТ “Фазо” ҳамагӣ аз руи ҳамаи намуди маблағгузориҳо ба маблағи 718026 сомонӣ корҳоро ба иҷро расонидааст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои топографӣ- геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ба ҳисоби умумӣ 452000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ ба маблағи 452000 сомонӣ иҷро шудааст, ки 100 % - и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад, инчунин   аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Суғд ба маблағи 33880 сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» ба маблағи 10305 сомонӣ дар асоси шартномаи дуҷониба   корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ иҷро гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ 16413 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 2333 адад хоҷагии деҳқонӣ, 95 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 12176 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 276 адад дигар намуди хоҷагидории кишоварзӣ, 1533 адад зери сохмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардида, дар ҳамин давра 9843 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ (аз ҷумла ҷудогона) ва иншоот ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, 10739 адад иттилоот аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дода шудааст.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 923 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Дар ҳамин давра ба 14822 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шиносномаи техникӣ таҳия карда шудааст, ки аз ҷумла  9262 барўйхатгирии техникии асосӣ, 5560 адад барўйхатгирии техникии ҷорӣ мебошад.

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/