Ҳамкорӣ ба хотири оянда
05.04.2018, шаҳри Душанбе
Санаи 5 апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи давлатӣ Ҳакимзода Қурбон бо Вазири мудофиа ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Атамқулов Бейбут Бакирович ва Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сейтимов Нурлан Мусатаевич баргузор гардид.
Дар вохӯри масъалаҳои дастрас намудани аксҳои кайҳонии дақиқнокияшон баланд, ройгон омӯзонидани мутахассисони соҳаи геодезия ва харитасозӣ, гузаронидани мониторинг дар соҳаи заминсозӣ, муҳокима ва баррасӣ гардид.
Ин вохурӣ дар оянда метавонад дар масъалаи ҳифз, назорат ва истифодаи мақсадноки замин заминаи мусоид фароҳам орад. Зеро таввасути аксҳои кайҳонӣ муайян намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ метавонад ҳама гуна қонуншиканиро дар самти истифодаи замин пешгирӣ намояд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи аэронавигатсионӣ, таҳияи харитаҳои рақамӣ ва истифодаи дигар таҷҳизоти муосир дар рушди соҳа метавонад, таъсири мусбат расонад
Дар охир аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири мудофиа ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон дар масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии замин аз кайҳон гуфтушуниди судманд анҷом дода шуд.