31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ниҳолшинонӣ

 15.02.2018, шаҳри Душанбе

Татбиқи барномаҳои ободонӣбунёду азнавсозии майдончаҳои муосири варзишӣгулгашту чаманистонбоғҳои фарҳангӣ ва ба ин васила беҳтар намудани 

шароити истироҳату фароғат ва солимградонии сокинону меҳмонони пойтахт аз афзалиятҳоифаъолияти роҳбарияти шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. IMG 7020Дар ин замина давоми соли 2017 шаҳрдории Душанбе ба нишондодҳои назаррас ноилгардид. Дар баробари бунёду аз навсозии роҳҳои наву замонавӣ, низоми коммуникатсонӣ, таъмиринамои берунаи биноҳои истиқомативу маъмурӣ, инчунин дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо бунёд гардидани 70 адад майдончаи муосири варзишию солимгардонӣ ва марказҳои фарҳангӣ симои шаҳраку маҳаллаҳои пойтахтро ба кули тағйирдода, дар маҷмуъ нишонаи равшаниву съатикорҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Ин тадбир аз ҷониби дигар шароити заруриро барои машқу тамрин ва ба машғулиятҳои солимгардонӣ ҷалб намудани наврасонро фароҳам намуд. Дар баробари бунёди майдончаҳои врзиши солимгардонӣ инчунин ҳамаи гулгашту чманзорҳои пойтхт ба пуррагӣ давоми соли 2017 навсозӣ гардидаанд, ки дар ин замина шароити беҳтари истироҳату фароғат барои сокинони пойтахт фароҳам гардид.

Ин раванд аз Ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ишаҳри Душанбе дар соли 2018 низ идома ёфта, бо татбиқи босамари барномаҳои ободонӣ зебоии гушаву канори шаҳр дар ин сол низ дучанд таъмин карда мешавад. Роҳбарияти шаҳри Душанбе тасмим гирифтаст, ки соли равон иловатан дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди 90 адад майдончаҳои муосири варзишиву солимгардониро ба анҷом расонад. Бо ин мақсад дар пойтахт омодагӣ аз ҳоло оғоз гардидааст. Азнавсозии гулгашти хиёбони ИсмоилиСомонӣ, назди бинои Иттифоќи нависандагони Тоҷикистон аз ҷумлаи иншооте мебошад, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар он босуръати баланд идома дошта, он дар арафаи ҷашни наврузи байналмилалӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонони пойтахт қарор дода мешавад. Ин мавзеъ аз ҷониби IMG 6948мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебогардонида мешавад. Мувофиқи лоиҳа дар ин гулгашт, ки аз калонтарин гулгуштҳои пойтахт ба ҳисоб меравад, зиёда аз 50 ҳазор гулҳои гуногуни ороишии мавсимию бисёрсола, 200 адад дарахт ориороишии зебо аз кишварҳои хориҷ ворид ва шинонида мешавад, ки то сарсабзии ин гушаи пойтахти азизизамон шаҳри Душанберо таъмин намояд. Дар асоситавсияи мутахассисон ва нишондодҳои лоиҳаи тарҳрезигар дида ҳоло сохтмончиён корҳои бунёдкориро дар ин мавзеъ бо вусъат идома дода истодаанд. Инчунин бунёди фаввораҳои зебо, нишонаи махсуси китоб дар назар дошта шудааст. Маблағи умумии барои ободонии ин мавзеъ масрафшаванда дар маҷмуъ 2, 5 миллион сомониро дар бар мегирад. Анҷоми корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ин мавзеъ имкон фароҳам менамоянд, кибоз як макони сарсабз барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр ба миёнояд. Талоши бунёдкорон низ дар он аст, ки ҳар чӣ зудтар бобо сифати баланд корҳои сохтмониро дар ин мавзеъ анҷом диҳанд. Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаҳои ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки баҳри аз нав созии ин мавзеъи пойтахт саҳмгузор бошанд. Ҷалби техникаҳои коммуналӣ, таъмини масолеҳи босифаи сохтмонӣ ва гулу ниҳолони ороишӣ саривақт аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶумҳурииТоҷикистон сурат мегирад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj