31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2018 19:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2017 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои меҳнаткашон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид.

Қайд гардид, ки соли 2017 новобаста аз мураккабии вазъи геополитикии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамчун соли таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат боқӣ мемонад.

Зеро дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ пурра бардошта шуд.

Омили мазкур ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишварӣ индустриалию аграрӣ табдил додани мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи худ ёдовар шуд, ки соли 2017 рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бинобар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаю чорабиниҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,1 фоизро ташкил диҳад.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Зимни баромади худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот дод.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2017 ҳисобот доданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатхои муайяншуда ба истифода додани навбати аввали агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба вазъи пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қонуншиканиҳо дар самти тақсимоти заминва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар мавриди қабули баъзе қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ талаботи қонунгузории ҷорӣ риоя нагардида, бо ин асос 14 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шуданд.

Дар робита ба қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин таъкид гардид, ки роҳбари Стансияи озмоиши машинаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ Раҳимов Ҳ. аз беэътиноии роҳбарият истифода бурда, давоми чор соли охир 12,6 гектар заминҳои муассисаро, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 263 ҳазор доллар ба шаҳрвандон фурухтааст.

Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” аз ҷониби мақомот 563 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, 363 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо иҷрои хизмати содиқонаву поквиҷдонона кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати саривақт пешгирӣ ва аз байн бурдани тамоми қонуншиканиҳо дар мамлакат чораҷуӣ намоянд.

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ шунида шуд.

Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2017 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз ошкор карда шудаанд, ки ҳаҷми зарар аз ҳисоби ин ҷиноятҳо 208 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода таъкид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин робита аз ҳолатҳои содиршудаи ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби худи кормандони соҳа изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти Агентӣ ва Палатаи ҳисобро ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, барқарор намудани маблағи зарарҳои молиявии ба давлат расонидашуда ва ба танзим даровардани тадбирҳои тафтишотӣ вазифадор намуданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳбарони вазоратҳои номбурда ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни гузориши худ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 тазаккур доданд, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирию ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат пойтахт ба дастовардҳои назаррасу умедбахш ноил гардид.

Дар муддати кутоҳ 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар бо муосиртарин воситаҳои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ босубот ҷараён дорад.

Сипас раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз пешрафту норасоиҳои мавҷудаи минтақаҳо дар соли 2017 ва нияту нақшаҳои созанда дар соли 2018 ҳисобот доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумъурӣ дастур доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду бузурги коркарду истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, макарон, обҳои нӯшокӣ, гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли доруҳои хушсифат ва дар ҳамин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату арзони худӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки дар соли 2018 давлат ва миллати тоҷик дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи мардум ва якдилию ҳамбастагии ҷомеа ба рушду пешрафти боз ҳам бештару хубтари иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.

president.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • изображение viber 2024-04-17 09-31-17-467
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj