No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фароҳам овардани шароити хуби фаъолият дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ

13.11.2017, ноҳияи Восеъ

  vose sohtmonДар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бунёд карда мешавад.

   Тавре таъкид шуд ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони ин ниҳод дар ноҳия роҳандозӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав хизматрасонии соҳавӣ боз ҳам хубтару беҳтар мегардад.

    Маблағи бунёди иншооти нав 2,5 миллион сомониро дар бар гирифта, фармоишгар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аркон» давоми ду соли оянда бунёд карда мешавад.

        Тибқи лоиҳа бинои мазкур дорои 11 утоқи корӣ буда, барои 40 нафар корманди ин ниҳод дар ноҳияи Восеъ пешбинӣ шудааст.

      Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободониву созандагӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои фаъолияти бонизом ва самарабахши ташкилоту идораҳо биноҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сатҳи хизматраоснӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шуд.

     Дар бахши заминсозӣ низ бо талошҳои пайвастаи масъулин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо бунёди биноҳои наву замонавии ин ниҳоди давлатӣ вусъат пайдо намуда, иқдоми навбатӣ низ дар ҳамин замина роҳандозӣ гардидааст.

    Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани оғози бунёди иншоотро масъулин фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин иқдомҳои созандагиро дар оянда низ идома хоҳанд дод.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/