No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – пойдевори дастовардҳои ҷомеаи муосири тоҷик

03.11.2017, шаҳри Душанбе

logo xvi pngИҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гаштааст.  Тамоми дастовардҳои ҷомеа маҳз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ реша мегиранд ва пойдевори тамоми муваффақиятҳо маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ гузошта шудааст. Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия на танҳо дар қабули қарору санадҳои ҳуқуқии мухталиф, балки пеш аз ҳама дар интихоби шахсияти таърихии ҳимоягари тамоми манфиатҳои   давлати тоҷикону аҳли ҷомеа ифода ёфтааст. Маҳз интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ сароғози тамоми дастовардҳо ва қуфлкушои тамоми мушкилоти дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад.
Биступанҷ сол муқаддам дар шароити мушкил ва вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии кишвар дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба кори худ шуруъ намуд.   Ҳамон рӯзе, ки Иҷлосияи мазкур баргузор гардид ва ҳамон лаҳзае, ки дар ин ҷаласаи таърихӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, дар дили мардуми кишвар шӯълаи умед ба афрӯхтан оғоз намуд, ки он рӯзҳо ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда намегарданд.  Воқеан ҳам фаромӯшнашаванда аст, ки баъд аз суханронии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон симои мардум комилан дигаргун гардида буду ҳамагон бо чеҳраҳои гарм ба ҳам нигариста, дар бораи шахсияти Сарвари тозаинтихоб, муҳтавои суханрониҳои ӯ ва ояндаи ҷомеаи хеш мубодилаи афкор менамуданд.  Суханони Пешвои миллат, ки «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ва «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон   ба ватан барнагардонам, ман осуда буда наметавонам» ҳамеша дар забони мардум чарх мезаданд.
12 – уми декабри соли 1992, Пешвои миллатамон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» бо дили пур аз умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва меҳнати содиқона ба миллати хеш чунин суханони умедбахшро, ки барои пеш аз ҳама осудагии равонии халқ хеле зарур буданд, иброз доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам»
. Яъне, ин сулҳу оромӣ ва суботу амнияте, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо хушнудӣ аз он сухан меронанду эҳсоси қаноатмандӣ изҳор менамоянд, маҳсули амал ва фаъолияти собитқадамонаи шахситятест, ки Сессияи XVI Шӯрои Олӣ ба ҳайси раис интихоб намуда буд. Воқеияти имрӯза комилан собит месозад, ки интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи XVI гардиши куллӣ ва тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик будааст.  
Аҳамияти дигари таърихии Иҷдлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар он ифода меёбад, ки забон ва фарҳанги миллӣ дар шахсияти Раиси Шӯрои Олии интихобшуда ҳомӣ ва эҳёгари худро ёфт. Бинобар ин, Сарвари кишвар ба татбиқи амалии ин сиёсати фарҳангии хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.  

Он замон ҳанӯз ҳам нерӯҳои ифротӣ пурқувват буда, умеди худро аз нақшаи сохтмони ҷомеаи динбунёд наканда буданд. Онҳо баҳри амалӣ намудани нақшаҳои ҷоҳилона ва бебунёди худ аз ҳеҷ гуна амали нопок даст намекашиданд. Бинобар ин, аз минбари баланди Шӯрои Олӣ садо додани ҳар як сухани умедворкунандаи Пешвои муаззами миллат аз ҷасорати сиёсӣ, иродаи матин ва дурандешии хирадмандонаи Сапрвари ин миллат дарак медод.   Воқеияти зиндагӣ далели раднашаванда аст ва бори дигар собит месозад, ки аҳамияти таърихию тақдирсозии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ маҳз дар интихоби шахсияти таърихе ифода меёбад, ки оқилонаю дурандешона манфиатҳои давлат ва аҳли ҷомеаро маҳаки фаъолияти сиёсии худ қарор дода аст.

Ҷои шубҳае нест, ки имрӯз фаровонию оромӣ, пур аз неъмат ва маҳсулоти тару тозаи ватанӣ гаштани бозорҳои мо маҳз маҳсули сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ аст, ки дар саросари кишвар бо ташаббусу супориш ва иштироки бевоситаи он кас  амалӣ гашта истодааст.

Дар охир қайд намудан мехоҳем, ки Сарвари барои миллати тоҷик интихобнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири амалӣ сохтани ҳадафҳои хайрхоҳонаи принсипиалии хеш ҳатто ҳаёти хешро ба хатар гузошта, тамоми ғайрату матонат ва ҷасорати худро сарф намуданд ва имрӯз низ дар ин ҷода талош варзида истодаанд.  Ҳамин ҷасорат ва иродаи матини Пешвои миллатамон буд, ки кишвар аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардид ва имрӯз ҷомеаи тоҷик бо дили пур аз фараҳ ба ояндаи дурахшон қадам мениҳад.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/