No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Қубодиён


01.11.2017, ноҳияи Қубодиён

qubodiyon binoБо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бунёд гардидани иншооти мазкур, агар аз як ҷониб боиси боз ҳам ободу зебо шудани як гӯшаи ноҳия гардад, аз ҷониби дигар кормандони Кумитаи идораи замин аз ҳарвақта дида бештару хубтар фаъолият карда, вазифаҳои хизматии худро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.

Солҳои охир ба шарофати сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар раванди ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вусъат пайдо карда, дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооту биноҳои навсохти таъиноти гуногун ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

qubodiyon bino 1Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар муддати ҳафт моҳ бо сифати баланд ва риояи унсурҳои муосири меъморӣ сохта шудааст.

Бинои навбунёд аз се ошиёна ва таҳхона иборат буда, барои 38 нафар кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Қубодиён шароити хуби фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Утоқҳои кори муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, аз ҷумла компютеру принтер ва дигар таҷҳизоти лозима барои дар сатҳу сифтаи баланд пеш бурдани фаъолияти заминсозон, имкон фароҳам меорад, ки мизоҷон аз хизматрасонии сатҳи баланди мутахассисони соҳа баҳраманд гардида, дар як муддати кӯтоҳ тавонанд мушкили худро дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва дуруст кардани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ҳал намоянд.

Саҳми кормандони Кумитаи замини ноҳия дар истифодаи босамари замин, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва дар ин замина дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул назаррас аст.

Дар ҳамин замина ба сатҳи касбияту кордонии мутахассисони соҳа низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои такмили ихтисоси мутахассисони ҷавону кордон чораандешӣ карда мешавад.

Дар ҳамин замина масъулин бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамалкат дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар истифодаи замин, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/