No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тақдими "Ифтихорнома" ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.10.2017, шаҳри Душанбе

iftikhornoma ba raisИмрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд.

Ҳамин тавр роҳбарияти якчанд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо мукофотҳои арзишманди пулию молӣ қадр карда шуданд.

Ба ҳар як ғолиби озмун Ҷоиза, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани майдончаи варзишӣ ба  аҳолии маҳаллаи 82-и пойтахт, ки аз майдончаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти фаръиву ёрирасони истироҳативу варзишии аз лиҳози шаклу сохт ва унсурҳои хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯи талаботи шаҳрсозии муосир мебошад, аз ҷониби Пешвои миллат бо «Ифтихорнома» сарфароз гардид. 

Сарвари давлат зимни супоридани мукофотҳо ба сифати кори иштирокчиёни озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кудакон ва ба варзиш машғул шудану обу тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.

Баъди ҷамъбасти озмун роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаббус гирифтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар дигар марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бисёр боманфиат аст.  

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/