No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳияи Панҷ

18.08.2017, ноҳияи Панҷ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ хамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳия, ки дар деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов баргузор гардид, боздид ба амал оварда, бо намунаи дастранҷи меҳнаткашони ноҳия шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ якчанд намуд маҳсулоти нониву қанодӣ намунаи истеҳсоли анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ ва намудҳои гуногуни мева аз қабили ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва дигар меваҳои ширин ба маъраз гузошта шуда буд. Гӯшае аз ин намоишгоҳро хушкмеваҳо зебу оро медод, ки аз пиставу бодом, себу зардолуи хушк, олучаву нок, гиёҳҳои куҳӣ, алафҳои доруворӣ ва асал иборат буд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ аз маҳсули дастони кишоварзони ноҳияи Панҷ изҳори қаноатмандӣ карда, нақши онҳоро дар таъмини  амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ  намуданд.

Намунаи маҳсулоти шириву гуштӣ, тухми мурғ, шир, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширдор низ дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.

Саноати хӯрокворӣ дар чанд соли охир дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ тамоюли афзоиш дошта,  истеҳсоли консерва,  маҳсулоти консервагӣ ва обҳои нӯшокии ташнашикан васеъ ба роҳ монда шудааст.

Аз маҳсулоти дар шакли  пирамида барчида шуда айён буд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ дар ҳама самтҳои хоҷагидорӣ  нишондодҳои назаррасро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, имсол дар ноҳияи Панҷ бештар аз 30 ҳазор тонна ғалла, 13 ҳазор тонна картошка, 13640 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ  аз 41 то 231 сентнериро ташкил медиҳад.

Имсол дар ноҳия 11 ҳазор тонна полезӣ ва 657 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мева 42 тонна ва полезиҳо қариб 2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дидан намуда, дар ин ҷо ба маъракаи ҷамъоварии  ҳосили пахта оғоз бахшиданд. Хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо тарзи дурусти корбарӣ, истифодаи мақсадноки замин ва  ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз дигар хоҷагиҳои ноҳия тафовут дорад. Тавре деҳқони ҷавон Абдулҳафиз Хоҷаев дар суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт имсол дар замини хоҷагии деҳқониаш пахта, полезӣ, картошка, сабзӣ, шалғам, мош, лубиё ва карамро парвариш намуда, дар баробари беҳтар кардани сатҳи зиндагии оила  ҳамзамон дар фаровониву арзонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузорад.

prezident.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/