Арҷгузорӣ ба сарвати миллӣ
Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир гадид. Дар ин чорабинӣ дар баробари роҳбарияти кумита ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Бист сол қабл, ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Баромадкунандагони дигари ин ҳамоиши идона низ ба муҳимият ва сарнавиштсоз будани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ибрози ақида намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки моҳияти таърихии санади мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҷавҳари асосии ин бозёфти миллиро майлу хоҳиш ва иродаву ормони мардуми сулҳхоҳамон ташкил медиҳад.
Ба ибораи дигар, омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад.
Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо заҳмату машаққати зиёд ва гузашта аз ин, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
Тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳоваранд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ин ҳам аз нуфузу аҳамият ва мақому мартабаи Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Дар охир Раиси Кумитаи давлатӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки мо бояд дар оянда беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Роҳбарияти олии мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монем.
zamin.tj