Ояндасоз
Ҷавонон насли ояндасози миллат ва нерӯи боэътимоду боварибахш дар татбиқи ҳадафҳои олии роҳбарияти кишвар ба шумор мераванд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор имтиёзҳоро барои таҳисил ва фаъолияти ҷавонон пешбинӣ намудаанд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон, иқдоми хеле наҷиб ва саривақтӣ буд. Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти эълон гардидани Соли ҷавонон тадбирҳои мушаххасеро рӯйи кор оварда, дар баробари ташкили чорабиниҳои гуногун, ҷалби ҷавононро ба кору фаъолият дар сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, дар мадди назари хеш қарор додааст.
Имрӯзҳо дар аксари вазифаҳои роҳбарикунандаи Кумита зиёда аз 100 нафар ҷавонони фаъолу кордон, аз ҷумла сардорони Раёсату шуъбаҳои зерсохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Кумитаи идораи замин ва Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат, маҳз ҷавонон пайи иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва хизмат ба аҳолӣ мебошанд.
Ҷалби ҷавонон дар вазифаҳои идоракунии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман тамоми сохторҳои давлатӣ ба он хотирест, ки дар заминаи фаъолияти онҳо кори соҳаҳои марбута пеш рафта, дар ин самт навгониҳои назаррасе мушоҳида гардида, Тоҷикистони азизи мо рӯ ба рушду инкишоф дошта бошад.