Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва «Корхонаи давлатии фаръии» бақайдгирии молу мулки ғайриманқул
дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Барои баланд бардоштани шароити хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити кори кормандон ва мутобиқ намудани самти фаъолият ба талаботи замон дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои олӣ бинои Кумитаи идораи замин ва «Корхонаи давлатии фаръии» бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин баъди таъмиру навсозӣ ба истифодаи дода шуд.
Бинои Кумитаи идораи замин ва «Корхонаи давлатии фаръии» бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ аз нав таъмир карда шуд. Дар гузашта шароити кории кормандон дар бинои фарсуда ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бо мақсади баланд бардоштнаи хизматрасонӣ ба мардум ва муҳайё намудани фазои озоди корӣ бинои мазкур пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.
Дар расми ба истифода додани бино раиси Кумитаи далватии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва сокинони маҳаллӣ иштирок доштанд.
Иншооти мазкур аз 8 утоқи кории тозаву озодаи барҳаво ва мувофиқ ба талаботи замон иборат мебошад. Кормандон аз фароҳам шудани чунин фазои мусоид изҳори хушнудӣ менамоянд. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо технологияи кампютерӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Аз ин пас хизматрасонӣ ба мардум дар беҳтар ва шафофият таъмин гардида, сатҳи коррупсия низ коҳиш дода мешавад. Бинои Кумитаи идораи замин ва «Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ба инобат гирфитани меъмории замонивӣ навсозӣ гардидааст. Ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, нуқтаи бақайдгирӣ ва дигар шуъбаҳо ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудаанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки мушкилоти қаблӣ дар самти бақайдгирӣ, донаи сертификати ҳуқуи истифодабарии замин ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба замин ба муроҷиаткунандагон рафъ шуда, равзанаи ягона бо ҳифзи маълумот таъмин карда шавад.
Таъкид шуд, ки барои таъмири босифати бинои номбурда дар умум 44 ҳазор сомонӣ сарф шудаааст. Барои анҷоми корҳо маблағҳо аз ҳисоби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ҷудо гардидааст. Тибқи иттилоъ давоми як сол наздики 10 адад чунин бино дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохта шудааст. Акнун кормандон дар чунин шароит ва мутобиқ ба талаботи муосир фаъолият намуда, ба муроҷиаткунандагон хизмати зуду босифат мерасонанд.