No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Канали Хоҷабоқирғон аз оғози мавсими обёрӣ ба кишоварзон

зиёда аз 5 млн куб об расонидааст


obrasoniМуассисаи давлатии «Канали Хоҷабоқирғон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо 26 ассотсиасияи истифодабарандагони об шартномаи тарафайн дошта, дар мавсими имсола ба кишоварзон мувофиқи дархосташон то ин муддат зиёда аз 5 млн куб об расонидааст. Муассисаи мазкур, ки дорои чор пойгоҳи обкашӣ ва як канал ба дарозии умумии 49 км мебошад, 8600 гектар заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расуловро бо об таъмин менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз муассисаи мазкур иттилоъ доданд, кормандони муассиса  корҳои омодагӣ ба мавсими нави  обрасониро сари вақт анҷом доданд. Аз ҷумла, пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт аз таъмир бароварда шуда, 80 ҳазор куб канал тоза карда шуд.

Ҳамчунин 2655 метр шафати канали мазкур сементпӯш гардид. Ҳамзамон баҳри эмин доштани канали муҳофизатӣ аз зуд вайроншавӣ ва омадани сел, ки дарозиаш 6,2 км-ро дарбар мегирад, аз ҷониби муассиса 35 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар минтақаи Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров аз канали муҳофизатӣ ба канали асосӣ дар чор мавзеъ қубурҳои 1000 мм ба дарозии умумии  100 метр хобонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/