No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Роштқалъа «Боғи ҷавонон» бунёд гардид

Бахшида ба СолDar-no-iyai-Rosht-ala-Bo-i-avonon-bunyod-gardidи ҷавонон дар мавзеи Дашти ноҳияи Роштқалъа «Боғи ҷавонон» бунёд гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, боғ дар майдони 1,5 гектар бунёд гардида, дар он беш аз 2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда шинонда шуд.
«Боғи ҷавонон» бо ташаббуси Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа бунёд ёфта, дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Боғи мазкур дар мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати Мирсаид Миршакар ҷойгир буда, дар он ғайр аз дарахтони себ, зардолу, гелос, олу, нок, чормағз, ҳамчунин дарахтони сояафкану ороишӣ низ шинонида шудаанд. Масоҳати боғ дар оянда васеъ гардида, дар он ниҳолҳои дарахтони ба содирот нигаронидашуда парвариш меёбанд. Маблағи даромади боғ барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардуми ноҳия равона мегардад.

/АМИТ «Ховар»/

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/