No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шикори ғайриқонунии гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» аз ҷониби сокини ноҳияи Мурғоб ошкор гардид

Marko-PoloВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Мурғоб бо гумони шикори гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» хабар медиҳад. Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Мурғобро барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 6 килограмм гӯшти ҳайвони нодир — гӯсфанди кӯҳӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, гӯшти мусодирашуда ба гӯшти гӯсфанди кӯҳии «Марко-поло» мансуб буда, зарари расонидашуда 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

khovar.tj

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/