No images found.

31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву идораҳои тобеи Кумита ва раисони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти кормандони соҳа дар давоми соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд ва вазифаҳо барои соли 2017 муайяну мушаххас гардиданд.    

         Тибқи  ҳисоботи муовини якуми Раиси  Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳа дар соли таърихии 2016,  ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалҳ Раҳмон, дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар сипаригардида корҳои муҳимро ба сомон расониданд. 

Кумитаи давлатӣ дар ин давра корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, корҳои делимитатсия ва  демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод. 

         Гуфта шуд, ки мутахассисони соҳа дар ин давра пеш аз ҳама ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партовро таҳти назорат   гирифта, муайян намуданд, ки дар соли 2016 бо вуҷуди 30 ҳазор гектар замини партов боз  майдони 12830,16 гектар аз он 10247,24 гектар  корами обӣ, 2582,92 гектар корами лалмӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. 

         Кумитаи давлатӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов корҳои муайянеро ба сомон расонида, оид ба андешидани чораҳои бетаъхир дар мақомоти маҳаллии заминсозӣ дар ин самт таҳлил гузаронидааст.    

Баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 таҳти №1775 «Дар бораи  тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 174837 ададро  ташкил дода, аз ин шумора 15477 адад дар ВМБК, 65079 адад дар вилояти Суѓд, 64235 адад дар вилояти Хатлон ва 30046 адад дар ноҳияҳои тобеъ ба қайд гирифта шудаанд. 

Аз ҷумла қайд гардид, ки тибқи маълумот ва таҳлилҳои гузаронидашуда аз соли 2010 то соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии 29623,04 гектар ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз он майдони 20036,78 гектар тақсим шудааст, ки 68 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли сипаришуда ҳамчунин аз тарафи мутахассисони соҳа санҷиши риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба замин аз тарафи заминистифодабарандагони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, А.Ҷомӣ, Ёвон, Вахши вилояти Хатлон ва Истаравшани вилояти Суғд гузаронида шуд.  

       Дар соли 2016 Кумитаи давлатӣ назоратро  оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзўр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид. 

      Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ ин корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад буда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохўриҳо бо намояндагони ин давлатҳо дар доираи Комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурўҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба ҳалли баҳсҳои наздисарҳадӣ гузаронида шуда аз натиҷаи ин вохўриҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон маълумоти мушаххас пешниҳод карда шудааст. Дар ин давра мувофиқи нақша аз ҳисоби маблағҳои муттамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонии иншооти бинои маъмурии кумитаи идораи замини баъзе шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо  карда шуд.   

       Кумитаи давлатӣ дар соли 2017 иқдом гирифтааст, ки аз ҳисоби маблаѓҳои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба суратҳисоби махсус ворид мешавад, дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов ва чарогоҳҳо боѓу токзорҳоро дар майдони то 5 гектар бунёд намуда,  ба гардиши кишоварзӣ майдони то 10 гектар заминҳои  партовро тибқи лоиҳаҳои хурди пешниҳодшуда ворид намояд. Инчунин ҳар сол дар вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохтмони биноҳоро тасмим гирифтааст. 

      Бо иқдоми Кумитаи давлатӣ ва КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои Кумитаи идораи замини ноҳия ва корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия як бинои маъмурии дуошёна дар маркази ноҳия ба маблағи 891000 сомонӣ таъмир карда ба истифода дода шуд, ки дар дар ифтитоҳи кушодашавии бинои мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. 

         Инчунин, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи корҳои сохтмонӣ оғоз карда шудааст.

     Кумитаи давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ лоиҳаи бунёди боғ дар майдони 20 гектар омода намуда истодааст, ки дар мавсими ниҳолшинонии соли 2017 амалӣ карда мешавад. 

      Дар фарҷоми ҷаласа гуфта шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми имкониятҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт ташкилу сафарбар хоҳад кард

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail: admin @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/