ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОҲОИ МАЪМУРӢ

http://www.zoofirma.ru/

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ шинос гардид.

Бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, айни ҳол марҳилаи охирини корҳои сохтмонӣ ва рангубори дохили бино бомаром идома дорад.

Дар ҷараён боздид аз иншооти мазкур Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо масъулин ҷиҳати босифати баланд ва ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки дар бинои нави маъмурӣ бояд мутахассисони бо дасту дили нияти пок ба фаъолият идома диҳанд.

Бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Айнӣ бошад аз ду ошёна иборат буда, айни ҳол болопӯш намудани боми бино оғоз шудааст ва дар назар дошта шудааст, ки бинои мазкур то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Раиси Кумитаи давлатӣ зимни шиносоӣ бо сохтмончиён ва масъулини кумитаи идораи замини ноҳия барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ тавсияву маслиҳатҳо дод.

4