Ҷаҳду талоши бонувони варзишгар

http://www.zoofirma.ru/

20191116 094026Дар доираи Нақшаи ягонаи тақвимии  чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷумҳуриявии бадминтон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтонро байни бонувони вазорату идораҳо дар Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар ин мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни кормандони вазорату идораҳо дар баробари намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 4 нафар бонувон фаъолона ширкат намуданд. Дар баробари бахшҳои дигар ба варзишу солимгардонӣ низ роҳбарияти Кумитаи давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Шамшода Зиёева, Шаҳноза Қосимзода, Малика Фармонова ва Руқия Мирзоева дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ шаъну шарафи варзишии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя карданд.

Бонувони варзишгари Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намуди варзиш маҳорати баланд нишон доданд.