31078406265 aa1d97a906 o

    Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Варақаи иттилоотӣ

дар бораи  фаъолияти Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  он дар маҳалҳо дар  соли 2017

    

       Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти он дар маҳалҳо дар  соли 2017 аз рўи нақшаи корӣ фаъолият намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Президенти кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардидаанд дар самти суръатбахшии истеҳсолот, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба роҳ монда, як қатор иҷроиши чораҳои амалиро  таъмин намуд.

      Дар ин давра Кумитаи давлатӣ  корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, назорати давлатии замин, корҳои заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти  калонҳаҷми хок, корҳои баҳои замин, корҳои тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои  топографӣ-геодезӣ, харитасозӣ, корҳои делимитатсия ва  демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ идома дод.

      Кумитаи давлатӣ ҳисобот оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба гурўҳҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 ҷамъбаст ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намуд.

Ҷиҳати иҷрои банди 14 Нақша-чорабиниҳо ва супориши Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 аз 20 апрели соли 2017 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти пахта ва картошка гузаронида шуд, ки дар ҷумҳурӣ дар майдони 173111 гектар пахта ва 22439 гектар картошка кишт карда шудааст.

      Санҷишҳо нишон доданд, ки  ҳамагӣ дар соли 2017, майдони 10543 гектар, аз он корами обӣ 8823 гектар аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки аз он бо сабабҳои бад будани ҳолати мелиоративӣ 6154 га ва корҳои ғайриқаноатбахши  хоҷагидорӣ 4389 гектарро ташкил медиҳад

      Тазаккур бояд дод, ки айни замон дар Ҷумҳурӣ майдони умумии 21508 гектар заминҳои корами обӣ ва обёрии техникӣ бинобар сабаби кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ ва аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ (қубуру новаҳо) ҳадалимкон ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода мешаванд.

       Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ майдони 23598 гектар заминҳои партови обӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо низ бинобар сабабҳои нарасидани об барои обёрӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои муайян  ба намуди заминҳои партов гузаронида шудаанд.

       Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ майдони 53929 гектар заминҳои обӣ бинобар ҳар гуна сабабҳои нарасидани об ва ҳолати бади мелиоративӣ дар истифода қарор надоранд ё ҳамчун замини корами лалмӣ  истифода бурда мешаванд.

        Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда соли 2017 дар майдони умумии 1707 гектар заминҳои партов, аз он 1651 гектар обӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда нисбат ба соли гузашта майдони 2287 гектар, аз он 1424 гектар обӣ кам шуд.

Нисбати заминистифодабарандагоне, ки бо сабабҳои “ғайриқаноатбахш ба роҳ мондани корҳои хоҷагидорӣ” заминҳоро кишт накардаанд, бамаблағи 6100029 сомонӣ зарар ҳисоб карда шуд.

       Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 31 августи соли 2012 «Дар бораи Барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», дар соли 2017 майдони 6397  гектар, аз он обӣ 5045 гектар заминҳо, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои партов майдони 1800  гектар, чарогоҳ 2696 гектар ва дигар заминҳо 1901 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

       Баҳри иҷрои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2016, №13 аз тарафи Кумитаи давлатӣ инвентаризатсияи боғу токзорҳо гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки ҳамагӣ 8417 га, аз он ҳисоби заминҳои корам 5777 га боғу токзорҳо, аз ҷумла обӣ 4979 га, аз ҳисоби заминҳои партов 166 га, чарогоҳ 1438 га, буттазор 17 га,  дигар заминҳо 119 га боғ бунёд шудааст ва  аз ҳисоби ниҳолҳои бисёрсола 4576 га, аз он обӣ 2799 га боғу токзорҳо ба замини корам гузаронида шуданд.

      Кумитаи давлатӣ маълумотҳоро оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603 ба ҳолати 1 декбри соли 2017 ҷамъбаст намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони умумии 29692,53 га ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, майдони 20341,99 га тақсим шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад.

    Дар ин давра аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 12911 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор  карда шуда, нисбати 11420 ҳолат дастур, нисбати 10798 ҳолат протоколу  қарорҳои  ҷаримабандӣ   ба маблағи 4158955  сомонӣ қабул карда шуда, аз он 3479814 сомонӣ ба суратҳисоби  махсус ворид карда шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 599 мавод ба прокуратура, 699 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 9473 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал  бартараф карда шудааст.

       Инчунин, дар рафти санҷишҳои назоратӣ 100 адад қарорҳои ғайриқонунӣ, аз ин 47 адад карорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, 33 адад қарорҳои раисони ҷамоати деҳот ва 21 адад протоколу қарорҳои роҳбарони хоҷагиҳо ошкор карда шуд, ки 23 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, 15 адад қарорҳои раисони ҷамоатҳои деҳот ва 15 адад қарору протоколҳои хоҷагиҳо бекор карда шудаанд.

       Дар доираи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 тахти №1775 «Дар бораи  тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 180488 ададро  ташкил медиҳад, ки аз он 5651 адад хоҷагиҳои деҳконӣ дар соли 2017 таъсис ёфтаанд. Аз ин шумора 15562 адад дар ВМБК, 67093 адад дар вилояти Суғд, 66419  адад хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Хатлон ва 31414 адад дар ноҳияҳои тобеъ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

       Дар Кумитаи давлатӣ баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат  ба коррупсия, ба таври доимӣ дар ҳар як маҷлиси назоратии назди роҳбарияти Кумитаи давлатӣ масъала баррасӣ гардида, супоришҳои зарурӣ дода мешаванд.

       Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ҷиҳати пардохт намудани маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ роҷеъ ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Судҳои иқтисодӣ 58 адад аризаҳои даъвогӣ таҳия  ва пешниҳод карда шудааст.

       Дар давраи сипаригаштаи соли 2017, тибқи ҳисоботҳо ба суратҳисоби махсуси буҷети Ҷумҳурӣ  3226777  сомонӣ маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ворид карда шуд.

       Дар самти корҳои делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ва ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, як қатор вохўриҳо бо намояндагони давлатҳои ҳамсарҳад гузаронда шуд, ки саҳми мутахассисони Кумитаи давлатӣ  дар ин вохўриҳо калон мебошад. Аз натиҷаи ин вохўриҳо бо тариқи расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарони ҳайатҳои байниҳукуматӣ ва гурўҳҳои кории ҳукуматӣ маълумотҳои мушаххас сари вақт пешниҳод карда шудааст.

        Бояд  тазаккур  дод, ки   бо  пешниҳоди  Кумитаи давлатӣ ва дар  мувофиқа бо  Вазорати молия дар соли 2017 аз  ҳисоби  маблағҳои воридшуда  аз  пардохти талафи  истеҳсолоти кишоварзӣ 2800000 сомонӣ барои беҳтар  кардани ҳолати мелиоративии 645 га замин дар шаҳру  ноҳияҳо  ҷудо  карда  шуд.

        Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ лоиҳаи комплекси авиатсионии бесарнишин дар рушди заминсозӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда,  аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қобили дастгирӣ шуморида шуд.

       Дар КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва корхонаҳои давлатии фаръӣ соли  ҳисоботӣ  51937 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, аз он 6671 адад хоҷагии деҳқонӣ, 350 адад хоҷагии иловагии ёрирасон, 38377 адад қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 940 адад дигар намуди хоҷагидории  кишоварзӣ, 5599 адад зери сохмон ва эҳтиёҷоти дигар ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

        Корхона тасмим гирифтааст, ки тибқи Барномаи “Системаи автоматикикунонии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (САБТ)  аз оғози соли 2018 дар 8 шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ ва аз нимаи дуюми соли 2018 дар тамоми корхонаҳои бақайдгирии ҷумҳурӣ ҷорӣ намояд.

      Дар соли 2017 аз тарафи корхонаҳои тобеь дар 31 шаҳру ноҳияҳо корҳои сохтмонӣ (таъмири ҷорӣ, сохтмони асосӣ ва иловагӣ) ба маблағи умумии 8372786  сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

      Кумитаи давлатӣ бо мақсади расонидани кўмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон  дар корҳои хайриявию кўмакрасонӣ низ саҳми худро гузошта дар ин давра ба маблағи зиёда аз 195 ҳазор сомонӣ кўмак ва ёрии хайрхоҳона расонид ва инчунин, ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабии №6-и ба номи О.Исманови ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, муассисаи таълимӣ-истеҳсолии нобиноёни шаҳри Душанбе ва оилаҳои эҳтиёҷманду бепарастор, ятимон ва маъюбон, ҳамагӣ ба 1107 оилаҳои ниёзманд иловатан ба маблағи  177800 сомонӣ кўмаки моддӣ расонид.

        Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми имкониятҳоро баҳри иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки  аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт ташкилу сафарбар хоҳад кард.

  • president tj
    Президенти ҶТ
     
     
     
  • parlament tj
    МНМО ҶТ
     
     
     
     
  • khovar tj
    АМИТ "Ховар"
     
     
     
     
  • mmk tj
    ММҚ ҶТ
     
     
     
     
  • mfa tj
    ВКХ ҶТ
     
     
     
     
  • minfin tj
    ВМ ҶТ

© Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Ф. Ниёзӣ 50
тел: (992 37) 227 80 54 (шӯъбаи умумӣ)
факс: (992 37) 227 80 84

E-mail:sh.umumi @ zamin.tj

http://www.zoofirma.ru/