БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ

http://www.zoofirma.ru/

Ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назорати истифодаи мақсадноку самараноки замин, фаъолияти заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва фаъолияти дигар корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ аз масъалаҳои асосие буданд, ки дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва бо иштироки муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар баргузор гардид.

Аъзои ҳайати мушовара тибқи рӯзномаи тасдиқшудаи ҷаласа фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти он дар маҳалҳо ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар се моҳи соли 2023 мавриди муҳокима қарор дода, нақшаҳои муҳими фаъолияти минбаъдаро муайян намуданд.

Вобаста ба ин масъалаи рӯзномаи ҷаласаи ҳайати мушовара муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Давлатзода Садриддин Хол ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кулли кормандони дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар аҳолона меҳнат намуда, корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Аз ҷумла, барои дақиқ муайян намудани миқдори заминҳо дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023» омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Мувофиқ ба ҳисоботи солонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2023 майдони умумии заминҳо дар ҷумҳурӣ 14 137 907 гектарро ташкил дода, соли 2022 аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ноҳияи Айнӣ майдони 38297 гектар барои таъсиси Парки табии миллии “Яғноб” ба гурӯҳи заминҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ, дар шаҳри Турсунзода 690 гектар ва дар ноҳияи Шаҳринав 464 гектар замин барои васеъ намудани фермаи оҳупарварӣ ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали “Қаратоғ”-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуда, вобаста ба ин ба ҳисоботи солонаи замин тағийроти зарурӣ дароварда шуданд.

Илова бар ин, дар ин давра натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳои Панҷ ва Сангвор омода ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Давлатзода С.Х. изҳор дошт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ корҳои назоратӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, дар маҷмӯъ 4179 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида ҳамин миқдор дастур дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 808 ҳолат зиёд мебошад.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад 299 мавод ба прокуратура, 123 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 2594 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардид.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 194834 адад расида, шумораи саҳмдорони онҳо 796094 нафарро ташкил дода, хоҷагиҳои кишоварзӣ тибқи тартиби муқарраршуда таҷдид мешаванд, масъулини кумитаҳои идораи замини маҳалро лозим аст, ки зимни омода намудани парвандаҳои заминсозӣ дар робита ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Зеро, чунонки таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳанд, сокинони шаҳру ноҳияи мамлакат вобаста ба баҳси хоҷагии деҳқонӣ ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ бисёр муроҷиат менамоянд.

Корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳамагӣ ба маблағи 3203400 сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозиро аз ҳисоби буҷет иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 656106 сомонӣ зиёд буда, иҷрои он 125,8 фоизро ташкил медиҳад.

Сипас, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз сардорони воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.

Баъдан муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар баромад намуда, ҷиҳати беҳтар намудани назорати қонунгузории замин, пешгирии сохтмонҳои худсарона, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин раисони кумитаҳои идораи замин дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ва масъулини воҳидҳои сохторҳои дахлдорро муваззаф намуд.

Аъзоёни ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

340476500 975759316916261 2498000099614651293 n