ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЭСАНБОЙИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ ҚАРИБ 700 ГЕКТАР ЗАМИН ОБЁРӢ ГАРДИД

http://www.zoofirma.ru/

858588558Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст.

Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз минтақаи дурдаст маҳсуб меёбад, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ насби дастгоҳҳои обкаширо ба анҷом расонид, ки дар натиҷа 691 гектар замин бо оби полезӣ таъмин гардид.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои иҷрошуда Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо корҳои иҷрошуда шинос гардида, бо деҳқонон, ки дар ин минтақа фаъолият доранд суҳбат намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба истифодаи самараноки обу замин ва амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ барои баланд намудани ҳосилнокии заминҳо ба заминистифодабарандагони тавсияву маслиҳатҳо дода шуд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз обёрӣ гардидани заминҳо, ки солҳои тӯлонӣ беоб буданд, ба давлату Ҳукумати мамлакат миннатдории самимӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки барои истифодаи босамари замин ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2022 майдони умумии 2166 гектар, аз он обӣ 1769 гектар ба гардиши кишоварзӣ, аз ҷумла майдони 1437 гектар, аз он обӣ 1180 гектар аз ҳисоби заминҳои партов чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашванда ва заминҳои кораме, ки аз аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд майдони 729 гектар, аз он обӣ 589 гектар ба гардиш ворид карда шуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт корбариро идома хоҳад дод.