ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ НАВРӮЗ

http://www.zoofirma.ru/

Таҷлили бузургтарин ҷашни суннативу миллии мардуми тоҷик – ҷашни Наврӯзи Аҷамро, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмиллалӣ касб намудааст, дар аксари кишварҳои ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Зимни суханронии табрикотии худ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатиро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам муборакбод намуда, таъкид дошт, ки ҷашни Наврӯз, ки бо муждаи эҳёи табиат ва сабзу хуррам гардидани муҳити зист вобаста аст, дар оғози фасли зебои баҳор бо шукуҳу шаҳомати хоса ва шодиву хурсандии нотакрор таҷлил мегардад.

Воқеан, Наврӯз, ки яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёту оғози тозаи зиндагӣ то имрӯз расидааст. Қайд намудан ба маврида аст, ки дар ин рӯзи фараҳбахши баҳорӣ оростонаи дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ба ҳукми анъана даромада, бо риояи ин анъанаи неки ниёгон дар Кумитаи давлатӣ ҳамасола ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад.

Бо назардошти он, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ корҳои ободкориву бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дорад, Раиси Кумитаи давлатӣ изҳори умед намуд, ки Наврӯзи имсола ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ имсол низ рӯҳу тавони тоза мебахшад.

Сипас, роҳбарияти Кумитаи давлатӣ аз дастурхонаи идона, ки дар оростанаш саҳми бонувони Кумитаи давлатӣ назаррас ва он инъикосгари суннати аҷдодии тоҷикон буд, боздид намуда, ба ҳунари волои кадбонугии занону духтарон баҳои баланд доданд.

1122333265432198